Дар асоси нақша чорабиниҳо бахшида ба 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади тозаву обод намуданимуҳити зист дар соҳили дарёи Сир аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Дар аксия беш аз 200 нафар ҷавонону волонтёрон ва мураббиёну варзишгарон иштирок намуда, соҳили дарёи Сир аз ҳар гуна партовҳои маишӣ ва алафҳои бегона тоза карда шуд. Иқдоми мазкур дар доираи татбиқи ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» роҳандозӣ гардид.
Ҷаласаи якуми Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилояти Суғд
Санаи 5.07.2022 дар Маркази бозомӯзии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон ҷаласаи аввалини Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилоят баргузор гардид, ки дар рафти он фаъолияти кори Комиссияи мазкур ҷиҳати татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» дар нимсолаи якуми соли 2022 баррасӣ гардида, вазифаҳои минбаъдаи сарраёсат ва зерсохторҳо бобати вусъат бахшидан ба фаъолияти Комиссияи вилоятӣ ва ҳам ба фаъолияти чунин комиссияҳо дар шаҳру ноҳияҳо муайян карда шуданд. Тибқи Низомномаи Комиссияи вилоятӣ ҷаласа дар асоси нақшаи корӣ бояд як маротиба дар шаш моҳ баргузор гардида, Сарраёсати ҳифзи муњити зист тасмим гирифта буд, ки дар ҷаласаи аввал камбудиҳои ҷойдоштаро муайян намояд ва то ҷаласаи солона дар назди муовини Раиси вилоят ислоҳ карда, ҷиҳати иҷрои пурра ва сифатноки бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барнома фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилоятро роҳандозӣ намояд.
Фаъолияти нимсолаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд натиҷагирӣ гардид
Санаи 5 июли соли равон дар Маркази бозомӯзии бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Гулистон ҷаласаи мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи якум ва вазифаҳои минбаъда доир гардид. Дар ҷаласа муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлодод А. , мудири бахши кишоварзии МИҲД вилоят Акбаров С., сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Ҳакимзода А., сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва сармутахассисон, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд. Пас аз шунидани ҳисобот оид ба ҷамъбасти фаъолият сардори сарраёсат Ҳакимзода А. аз роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо ва сардорони шуъбаҳои назоратӣ пурсиш ба амал оварда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта баҳри пешрафти фаъолияти минбаъда вазифагузорӣ намуд. Муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон МавлододА. ва мудири бахши кишоварзии МИҲД вилоят Акбаров С. дар баромадҳои худ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатии экологӣ, роҳҳои халли муаммоҳои экологии ҷойдошта дар миқёси вилоят, бо нишондиҳанда ва дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳо доданд.
Баланд бардоштани маърифати экологӣ ва иттилоотонидани аҳолӣ оид ба тағйирёбии иқлим
Дар шаҳри Гулистон, Макази таълимии Бонки миллӣ, дар доираи лоиҳаи минтақавии «Тағйирёбии иқлим ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ташкилоти байналхалқию ҷамъиятӣ, сохторҳои давлатӣ ва идораю ташкилоте, ки бо масоили тағйирёбии иқлим алоқаманд мебошанд, бо дастгирии Барномаи Рушди СММ ва Иттиҳоди Аврупо мизи мудаввар баргузор гардид. Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби сармутахассиси сарраёсат дар мавзўи «Нақши Барномаи давлатӣ дар самти баланд бардоштани маърифати экологӣ ва иттилоотонидани аҳолӣ оид ба тағйирёбии иқлим» презентатсия пешниҳод гардид, ки дар доираи он иштирокдорон бо пуррагӣ бо «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» шинос карда шуданд. Умуман, мақсади асосии вохўрии иттилоотӣ ин ҳамоҳангсозии фаъолият ва рушди ҳамкорӣ байни мақомот ва сохторҳои давлатӣ, инчунин шарикони рушд буда, бо назардошти пешниҳоди иштирокчиён «Нақшаи амал» барои баланд бардоштани сатҳи дониши экологӣ, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва тақвияти чораҳои пешгирии хатарҳои вобаста ба тағйирёбии иқлим таҳия карда мешаванд.
Еще статьи...
- Маросими қадршиносии ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ
- Чорабиниҳои ҳифзкунандаи захираҳои моҳӣ дар давраи тухмгузорӣ дар вилояти Суғд ҷамъбаст гардиданд
- Назорати давлатӣ дар самти сайди ғайриқонунии моҳӣ
- Таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист дар шаҳри Панҷакент