Дар асоси барқияҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар бораи гузаронидани чорабиниҳо ва аксияи экологии «Тозагии замин» бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии замин дар муассисаи таълимии миёнаи умумии № 1 ҷамоати деҳоти Ёва-и н.Б.Ғафуров конференсия гузаронида шуд. Дар он намояндагони шуъбаи маорифи ноҳия ва ҷамоати деҳоти Ёва, омӯзгорони факултети геоэкология ва туризми Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, хонандагон ва омӯзгорони муассисаи таълимӣ иштирок доштанд. Тибқи барномаи чорабинӣ аз ҷониби иштирокчиён доир ба таърихи ин санаи экологӣ, муносибати эҳтиёткорона доштан нисбати муҳити зист, иштироки фаъолонаи насли наврас дар беҳбудии муҳити атроф баромадҳо намуданд. Рафти конференсия дар байни хонандагони синфҳои болоӣ озмун дар мавзӯи “Ҳифзи Замин ” гузаронида шуд. Дар интиҳои чорабинӣ ба ғолибони озмун ва фаъолони чорабинӣ сипосномаву туҳфаҳо тақдим гардид. Конференсияи мазкур аз тарафи шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳия ташкил карда шуда, баҳри иҷрои бандњои нақшаи чорабиниҳои “Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» равона гардидааст.
Баргузории чорабиниҳо бахшида ба Рўзи умумиҷаҳонии Замин
Бо мақсади таъмини иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ», дар амал татбиқ намудани нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025», баланд бардоштани дониши экологӣ ва ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии Замин фармоиши сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд аз 14.04.2022, №24 «Дар бораи гузаронидани семинар ва аксияи экологии «Тозагии замин» бахшида ба санаи 22 апрел – Рӯзи умумиҷаҳонии Замин» ба имзо расида, санаҳои 22 ва 23 апрели соли ҷорӣ дар миқёси вилоят бо ташаббуси мақомоти ҳифзи муҳити зист як қатор чорабиниҳо баргузор гардид. Санаи 22 апрел дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Хуҷанд, Гулистон, Б.Ғафуров, Зафаробод ва Ҷ.Расулов бо иштироки хонандагону омўзгорони муассисаҳои таълимӣ, аз он ҷумла Литсейҳои касбӣ семинар бахшида ба Рўзи умумиҷаҳонии Замин аз ҷониби кормандони зерсохторҳои сарраёсат гузаронида шудааст. Ҳамчунин, санаи 23 апрел дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо аксияи «Тозагии замин» бо иштироки оммаи васеъ ташкил ва баргузор гардидааст, ки дар маҷмўъ беш аз 16,6 ҳазор нафар ширкат варзида, дар натиҷа 11,2 км ҷуйбор, 14,6 ҳазор метри мураббаъ ҳудуд, 23 км соҳилҳои обӣ, 9,5 км заҳбуру канал ва 12,2 ҳазор метри мураббаъ майдонҳо аз партовҳо, аз ҷумла пластикӣ, алафҳои бегона ва хушк тоза гардиданд.
22 апрел - Рӯзи умумиҷаҳонии Замин
«Рӯзи Замин – ин рӯзи ҷавобгарии мо дар назди сайёра, аҳли башар, ки дар он маскунанд, назди худи табиат, ки худ ҷузъи он мебошем» (С.Капитса)
Соли 2009 Маҷмаи Умумии СММ қарор қабул намуд, ки ҳамасола санаи 22 апрел чун Рӯзи байналмилалии Замин таҷлил карда шавад. Ҳадаф аз чунин иқдом – ҷалби оммаи васеъ ба масоили мубрами ҳифзи муҳити зист мебошад. Дар ин қарордоди таъсиси Рӯзи байналмилалии Модар – Замин таъкид шудааст, ки Замин хонаи умумии мо буда, барои ноил гаштан ба мувозинаи одилона миёни талаботи мавҷудаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ ва наслҳои минбаъда баҳри муназзамии табиати сайёра чораҳо андешидан зарур аст. Бори нахуст соли 1970 бо ин ният гурӯҳи ҷавонони Донишгоҳи Гарварди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамоиш барпо намуданд. Ин гурӯҳро сиёсатмадори маъруф Гейлорд Нелсон дастгирӣ мекард. Ташаббуси мазкурро дар тамоми гӯшаю канори сайёра миллионҳо нафар ҳамовозӣ намуданд. Зери таъсири ин ҳаракат як қатор қонунҳои ба ҳифзи муҳити зист равонагардида қабул карда шуданд.
Амалиётҳои фаврӣ дар минтақаи Шӯркул
Баҳри иҷрои фармоиши сардори Сарраёсат оид ба ҳифзи захираҳои моҳӣ дар давраи манъи сайди моҳӣ аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ш.Гулистон амалиёти фаврӣ гузаронида шуд. Ҳангоми амалиёти фаврӣ шаҳрванд Муборакқадамов Рустам, ки дар минтақаи Шӯркӯли н.Б.Ғафуров ба воситаи қаиқи алюминӣ бо муҳаррики SUZUKI-15 бо истифодаи 5 адад тӯрҳои моҳидории лескагӣ - 91 сар зағорамоҳӣ, 9 сар суфмоҳӣ ва 1 сар мормоҳӣ сайд намудааст, ошкор карда шуд. Ба қонуншикан мувофиқи моддаи 77-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» зарар ба маблағи 6464,0 сомонӣ муайян гардида, мавод барои чораандешӣ ба Прокуратураи вилоятӣ ирсол гардид.