14 апрели соли 2022 дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд, бо иштироки раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Б.А., раиси шаҳри Панҷакент Холиқзода А.С., Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Р., Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода С.Ғ., муовини раиси вилояти Суғд Мирдадо З., сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят Ҳакимзода А.Қ. ва дигар шахсони масъул дар деҳаи Чимқалъаи ҷамоати деҳоти Саразм Хоҷагии ёрирасони намунавии (ниҳолпарварӣ) “Ҳифзи табиат”-и шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент ифтитоҳ гардид. Дар кушодашавии расмии он, ки дар доираи омодагӣ ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ карда шуд, иттилоъ дода шуд, ки бунёди хоҷагии ёрирасони намунавии “Ҳифзи табиат” - и назди шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент бо мақсади парвариши ниҳолҳои дарахтони ороишию сояафкан моҳи январи соли 2022 оғоз гардид. Масоҳати умумии замини хоҷагӣ 7 гектар буда, бинои якошёна барои фароҳам овардани шароити кории кормандон, дигар корҳои ободонию кабудизоркунӣ дар сатҳи зарурӣ иҷро гашта, барои кабудизоркунӣ 24 намуди дарахтон бо миқдори 63000 адад гулҳои мавсимӣ ва дарахтони ороишӣ шинонида шуданд.
Ифтитоҳи хоҷагии ёрирасони намунавии «Ҳифзи табиат» дар шаҳри Панҷакент
Шарҳ додан