Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Ҳакимзода А.Қ. ба муносибати Соли нави мелодии 2022

  Баъди чанд лаҳза соли нави 2022-юми мелодӣ фаро мерасад ва мо онро бо қалбҳои саршор аз умеду орзуҳои нек ҳамчун соли навбатии марҳалаи созандагиву бунёдкории Ватани азизамон истиқбол мегирем. Таҷлили бошукӯҳи ҷашни бузурги давлативу миллӣ – сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бешубҳа, ба болоравии ҳисси ватандориву ватанпарастӣ, худшиносии мардум ва таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва вусъат ёфтани бунёдкориву созандагӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоламон такони нав бахшида, дар таърихи давлатдориамон саҳифаҳои тозаеро боз намуд. Итминони комил дорем, ки бо шарофати Соли нав пайки шодию нишот ва оромию субот дар Тоҷикистони азиз дучанд мегардад ва мардуми кишвар дар роҳи расидан ба волотарин ормонҳои давлатдорӣ ба дастовардҳои беназир мушарраф мешаванд, ҳамзамон дар татбиқи сиёсати созандаву оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳм мегузоранд. Бигзор, Соли нави мелодӣ барои ҳар як хонадони мардуми тоҷик соли сулҳу оромӣ, таҷаллии хуршеди орзуҳо ва пешрафту дастовардҳои навин гардад. Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бо таманниёту фараҳмандии афзун ба ин муносибат ҳамаи ҳамкасбон ва дӯстдорони табиатро бо фарорасии Соли нави 2022  табрик гуфта, ба  Шумоён тандурустиву саодатмандӣ, бахти пояндаву иқболи нек ва ба хонадонатон рӯзгори пурфайзу бобаракат орзу менамояд.

Аёдати собиқадорони соҳаи ҳифзи муҳити зист бахшида ба Соли нави мелодӣ

  Тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аёдати собиқадорони соҳа дар арафаи ҷашну идҳои миллӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ба ҳукми анъана даромадааст. Дар арафаи Соли нави мелодии 2022 сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Ҳакимзода А.Қ. ва Раиси Шӯрои собиқадорони соҳа Султонов А.А. як қатор собиқадорони соҳаро, ки солҳои тӯлонӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист фаъолият кардаанд – Абдувалиев А.Қ., Қӯзиев Т., Ҳакимхӯҷаева Ф.-ро аёдат намуда, ба онҳо кӯмаки моддию молиявӣ расонида шуд. Чунин иқдомҳои наҷиб аз ҷониби мақомоти ҳифзи муҳити зист мунтазам роҳандозӣ мегардад.

Натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд

  Санаи 29 декабри соли равон дар толори маҷлисгоҳи бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Бӯстон ҷаласаи мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба ҷамъбасти фаъолияти солона ва вазифаҳои минбаъда баргузор гардид. Дар ҷаласа сардори Сарраёсат Абдуаҳад Ҳакимзода, сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва сармутахассисон, сардорони шуъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо иштирок доштанд. Рафти ҷаласа ҳисоботи муовини сардори сарраёсат оид ба ҷамъбасти фаъолият дар  соли  2021 шунида шуд. Сардори сарраёсат Абдуаҳад Ҳакимзода аз роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо ва сардорони шуъбаҳои назоратӣ пурсиш ба амал оварда,  барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, беҳтар намудани вазъи экологӣ ва пешрафти фаъолияти минбаъда вазифагузорӣ намуд.

Аксияи «Тозагии соҳил» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

  Ҷиҳати иҷроиши фармоишҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, бо мақсади тоза намудани манбаъҳои обӣ аз партовҳо, инчунин амалигардонии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар Томчисой, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи Ҷаббор Расулов аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд. Аксия бо ҷалби мактаббачагони муассисаҳои таълимии миёнаи умумии №№ 26, 11 , аҳолии ҷамоати деҳот, бо иштироки 100 нафар гузаронида шуда, ду тарафи сой аз партовҳои ҳархела тоза ва 3 метри мукааб партов бароварда шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.