Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, татбиқи рафти иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ва бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи давлатии таълимии коллеҷи кишоварзии Масчоҳ бо дастгирии бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Масчоҳ таҳти унвони «Табиат сахтгиру тундгир аст» конференсияи илмӣ-амалӣ доир гардид. Дар конференсия омӯзгорони Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, МДТ Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шотемур, коллеҷи омӯзгории н.Зафаробод, МДТ Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, донишҷӯён ва омӯзгорони коллеҷ иштирок доштанд.
Пас аз намоиши корҳои эҷодӣ ва сухани ифтитоҳии директори муассиса баромадҳои донишҷӯён ва омӯзгорон дар мавзӯҳои истифодаи самаранок ва оқилонаи сарватҳои зеризаминӣ, истифодаи захираҳои замин ва оқибати экологии он , роҳҳои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои корам бо призентатсия баромадҳо намуданд. Дар қисмати муҳокимаи маърузаҳо ва таҳлили баромадҳо саволу ҷавоб сурат гирифта, ба саволҳои худ иштирокчиён маълумотҳои мушаххас гирифтанд.