Бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологии муҳити зист, сазовор пешвоз гирифтани 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои созандагию ободкорӣ, ба таври доимӣ тозаю озода нигоҳ доштану беҳтар намудани вазъи экологии шафати роҳҳо ва шоҳроҳҳо дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аксияи «Тозагии маҳал ва шоҳроҳ» ташкил ва гузаронида шуд. Аксия тибқи нақшаи чорабинии тасдиқгардидаи мақомоти ҳифзи муҳити зист бо иштироки беш аз 200 нафар сокинони маҳаллаҳо, кормандони бонк, хонандагони муассисаҳои таълимӣ доир гардид. Ҷараёни аксия қадди роҳҳои протоколӣ ва шоҳроҳҳо, ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин, майдонҳо аз партовҳои гуногун ва алафҳои бегона тоза карда шуда, беш аз 6 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳҳои расмӣ тавассути нақлиётҳои махсуси коммуналӣ интиқол дода шуд.
Маҳфили илмӣ бахшида ба санаҳои муҳими экологӣ
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон ва бахшида ба санаҳои экологӣ, 15 май – Рӯзи байналмилалии иқлим ва 22 май – Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ, дар факултети геоэкология ва туризми МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров» бо иштироки намояндаи сарраёсат, устодону донишҷӯёни кафедраи экология ва ҳифзи табиат маҳфили илмӣ баргузор гардид. Дар оғози чорабинӣ бо сухани ифтитоҳӣ декани факултет ва мудири кафедра баромад намуда, инчунин дар рафти маҳфил презентатсияи муаллими кафедраи экология ва ҳифзи табиат дар мавзӯи «Ҳифзи гуногуншаклии биологӣ кафили амнияти экологӣ» пешкаши иштирокдорон гардид. Тибқи даъват сармутахассиси Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар маҳфили илмии мазкур иштирок карда, дар бораи қабули Рӯзи байналмилалии иқлим ва Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ, муаммоҳои экологии ҷойдошта дар ин самтҳо, таъсири манфии гармшавии иқлим, пиряхҳо ва ҳифзи захираҳои об, олами ҳайвоноти нодири Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои бо муҳимияти баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон вобаста баромад намуд.
Мизи мудаввари ҷамъбастӣ доир ба ҳифзи ҷангалзори тӯқаи минтақаи Конибодом
Давоми солҳои 2022 - 2023 дар шаҳри Конибодом, минтақаи болооби обанбори «Баҳри Тоҷик» аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» лоиҳаи «Ҳифзи ҷангалзори тӯқай ва намудҳои ҳайвоноти зери хатар қарордоштаи минтақаи обию ботлоқзори болооби обанбори Баҳри Тоҷик» амалӣ гардонида шуд, ки дар доираи татбиқи он намояндагони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд ва бахши ҳифзи муҳити зист дар дар шаҳри Конибодом, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом, шуъбаи маорифи шаҳр, се ҷамоати деҳоти Фирӯзоба, Патар ва Пӯлотони бо минтақа ҳамсарҳад, Филиали Ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорони ҶумҳурииТоҷикистон дар вилоят ва дар шаҳри Конибодом, намояндаи «Институти зоология ва паразиталогияи ба номи Е.Н.Павловский»-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар вилоят, олимон ва коршиносон корбарӣ намуданд.
Амалиёти фаврӣ дар давраи тухмигузории моҳиҳо
Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ дар давраи тухмгузории моҳӣ дар обанбори Баҳри Тоҷик, ҷамоати деҳоти Маҳрам шаҳри Конибодом нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Сарраёсат сайди ғайриқонунии моҳиро аз тарафи сокиниҷамоатидеҳоти Куҳандиёр, деҳаи Маҳрам кӯчаи Шарипов № 27 ЮлчиевХайруло ошкор намуданд. Дар натиҷаи азназаргузаронӣ ошкор карда шуд, ки 153 сар 5 намуди моҳиҳо (нуқрамоҳӣ, пешонапаҳм, зағорамоҳӣ, суфмоҳӣ ва муйлабмоҳӣ) ғайрқонунӣ сайд карда шуда, бар хилофи талаботи моддаи 22.2 ва 23 Коидаҳои моҳидории ҳавасмандӣ ва спортӣ дар обанборҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Арзиши умумии зарари ба муҳити зист расонидашуда, тибқи замимаи № 8,9-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 790 аз 31.12.2014 сол 11124 сомониро ташкил дод. Барои андешидани чораҳои зарурӣ парванда бо маводҳояш ба прокуратураи вилоят фиристода шуд.
Еще статьи...
- Насби баннерҳои экологӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят
- 15 май - Рӯзи байналмилалии иқлим
- Баргузории аксияи экологӣ бо иштироки аъзоёни раванди «Нозирони сабз» дар шаҳри Истиқлол
- Чорабинии илмию тарбиявӣ таҳти унвони «Муаммоҳои экологии замони муосир ва муҳимияти баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон»