Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бо таманниёту фараҳмандии афзун бо фарорасии санаи фархундаву таърихии Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, таманно дорад, ки то абад Парчами давлатӣ парфишон бошаду ҳамаи мо зери он ба суи дастоварду муваффақиятҳои беназир баҳри тараққиёту пешрафти Ватани азизамон равона бошем. Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, аз ҷумла ба парчами давлатӣ эҳтиром ба кулли арзишҳои гузаштаву имрӯза ва ояндаи миллат мебошад. Дар ин бора, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои миллат, ваҳдату ягонагӣ, ҳуввияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад”. Таҷлили ин санаи фархунда дар замири ҳар фарди ватандӯст эҳсоси дӯст доштани ин марзу бумро бамаротиб зиёд менамояд, зеро парчами давлатӣ рамзи воқеии эътиқоду имон ба миллат, давлат, сарзамин, тамаддуну фарҳанг ва дар маҷмӯъ, ба тамоми арзишҳои ахлоқию маънавии кишвар мебошад. Бори дигар Рӯзи парчами давлатиро ба хамаи шумоён табрику муборакбод гуфта, итминони комил дорам, ки муҳаббат ва садоқати мардуми шарифи Тоҷикистон ба парчами давлати соҳибистиқлоламон дар замири ҳар шаҳрванди диёр эҳсоси ватандорию худшиносии миллиро дучанд намуда, онҳоро ба фатҳи қуллаҳои нав ба нави меҳнатӣ раҳнамун месозад. Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!