Баҳри иҷроиши барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади ботантана таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Айнӣ бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар ноҳия Муродов А. маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия Боқиев Б. ба ҳозирин моҳияти ин санаро дар доираи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шакли идораи президентӣ муфассал шарҳ дод. Намояндаи Кумитаи иҷроияи ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар ноҳия Муродов А. дар баромади худ қайд намуд, ки маҳз тавассути талошҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба давлати соҳибистиқлолу демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона табдил ёфт.