Ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази бозомӯзии бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент бо иштироки кормандони бахш маҷлиситантанавӣ баргузор гардид. Дар суханронии табрикӣ мудири бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент Истамзода А.И. зикр намуд, ки хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкими давлатдории миллӣ ва беҳбудии сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон хеле бузург аст. Дар рафти маҷлис кормандони бахш баромадҳо намуда, аз ташаббусҳои беназири Тоҷикистон дар масоили об, ки маҳз бо ибтикори Сарвари давлат дастгирӣ ёфт, суханронӣ намуданд.
Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд
Бо мақсади ботантана таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд бо иштироки омӯзгори коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Турсунов С. маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд Дӯсматов А. ва устоди коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Турсунов С. саҳми босазои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар пешрафт ва тараққиёти кишвар таъкид намуданд. Қайд карда шуд, ки маҳз бо назардошти хизматҳои шоиста баҳри эҳёи давлати тоҷикон, саҳми бузург дар барқарор кардани сулҳ, сарҷамъ кардани миллати тоҷик ва ваҳдати мардум ба фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дода шудааст. Хизматҳову саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун эъмори давлати нави соҳибистиқлол дар таърих бо ҳарфҳои заррин сабт шуда, дар хотираи халқи тоҷик як умр боқӣ хоҳад монд.
Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Айнӣ
Баҳри иҷроиши барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади ботантана таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Айнӣ бо иштироки намояндаи Кумитаи иҷроияи ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар ноҳия Муродов А. маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия Боқиев Б. ба ҳозирин моҳияти ин санаро дар доираи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шакли идораи президентӣ муфассал шарҳ дод. Намояндаи Кумитаи иҷроияи ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар ноҳия Муродов А. дар баромади худ қайд намуд, ки маҳз тавассути талошҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба давлати соҳибистиқлолу демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона табдил ёфт.
Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 16 ноябр – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар маҷлиси тантанавӣ доир гардид. Сардори сарраёсат Ҳакимзода А.Қ. бо суханони ифтитоҳӣ маҷлисро ҳусни оғоз бахшида, мақсади аз рӯзи ид муайян гардидани рӯзи 16 ноябр, аз саҳифаи таърих дар иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдоварӣ намуд.