Аксияи «Тозагии соҳил – гарави саломатӣ» дар шаҳри Бӯстон

Баҳри иҷрои нақша чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист, бо мақсади тозаву ободӣ ва беҳбудӣ бахшидан ба вазъи экологӣ дар соҳили кӯли шаҳри Бӯстон аксия зери унвони «Тозагии соҳил – гарави саломатӣ» гузаронида шуд. Дар аксия донишҷуёни Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон, варзишгарону фаъолон аз мактабҳои варзишӣ ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ фаъолона иштирок намуданд. Рафти аксия назди соҳили кӯл ва ҳудуди он аз алафҳои хушкшуда ва партовҳои гуногун тоза карда шуда, қариб 3 метри мукааб партовҳои ҷамъовардашуда ба партовгоҳи шаҳрӣ бароварда шуд. Баргузории чунин аксияву шанбегиҳо ба истиқболи ҷашнҳои Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр идома дорад.

Бо табиат ҳамоҳанг зиндагӣ кунед!

 Дар бинои Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони Раёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд, омўзгорону донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳӣ - металлургии Тоҷикистон, васоити ахбори омма, як қатор ташкилоти ҷамъиятӣ, экофаъолон ва кормандони худи марказ нишасти иттилоотӣ баргузор гардид, ки ба Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ бахшида шуд. Мақсади асосии нишаст ин даъвати якдигар ва ҷомеа барои зиндагии ҳамоҳанг бо табиат мебошад. Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби ҷавонони экофаъол маърӯзаҳо оид ба масъалаҳои гуногунии биологӣ, эҳтиром ба он, андешидани чораҳо барои ҳифзи он, рушди туризми экологӣ дар Тоҷикистон, зеҳни сунъӣ дар экология ва баланд бардоштани сатҳи маърифат дар байни аҳолӣ пешниҳод карда шуданд.

Амалиёти “Ҳавои тоза” дар ноҳияи Зафаробод

  Бахшида ба ҷашнҳои миллии дар пеш истода, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, дар асоси нақшаи корӣ, шуъбаи назорати таҳлилии Раёсат ва бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия дар ҳамкории Бозрасии давлатии автомобилӣ дар ноҳияи Зафаробод амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Рафти амалиёт 25 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 3 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и ноҳия ирсол гардид.

Корҳои ободонӣ дар бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент

 Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни миллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои он, вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент назди бинои маъмурӣ ба миқдори 1900 адад гули мавсимиву ороишии тагетес шинонида шуд. Ҳамчунин тибқи нақшаи чорабиниҳои Раёсат оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии муҳити зист бинои бахш бо шиори идона бахшида ба ин санаи экологӣ ороиш дода шуда, гузаронидани вохуриву суҳбатҳо низ пешбинӣ гардидааст.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.