Таъмин намудани иҷрои дастуру супоришҳои Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифз ва афзун намудани захираҳои моҳӣ зери назорати доимии коршиносону мутахассисони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд қарор дорад. Дар рафти шиносоии навбатӣ аз ҶДММ "Корпоратсияи моҳии тоҷик" маълум гардид, ки хоҷагии моҳипарварии моҳиҳои хушзоти марҳилаи наслгирии сунъии моҳиҳоро оғоз намуданд. Айни ҳол тухми моҳиҳо, кирминаи нав аз тухм баромадаи зағорамоҳӣ ва амури сафед дар марҳилаи афзоиш қарор доранд. Марҳилаи босифати наслгирии моҳиҳо ба барориши бештари кирминамоҳичаҳо мусоидат менамояд. Омилҳои абиотикӣ, ба монанди ҳарорати обу ҳаво ба рафти корҳои наслгирӣ таъсири худро расонида истода бошад ҳам, моҳипарварон тасмим гирифтаанд, ки нақшаи истеҳсоли наслгирии моҳиҳоро бо натиҷаҳои назаррас анҷом диҳанд.
Дар рафти шиносоӣ ба моҳипарварони хоҷагӣ аз тарафи мутахассисону коршиносони Раёсат, баҳри баланд бардоштани рафти наслгирии моҳиҳо, босифат гузаронидани технологияи парвариши моҳиҳо маслиҳатҳои муфид дода шуд.