Баҳри амалӣ гардонидани нақша чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади беҳбудӣ бахшидан ба ҳолати экологӣ ва санитарӣ аз ҷониби бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Деваштич партовгоҳ руйпӯш карда шуд. Партовгоҳ дар ҷамоати деҳоти Ғазантараки деҳаи Қалъачаи азим ҷойгир буда, масоҳати умумиаш 1,5 гектарро ташкил медиҳад.
Насби лавҳаҳои экологӣ дар шаҳри Исфара
Баҳри иҷрои барқияи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи марказии шаҳри Исфара ва шоҳроҳ баннерҳои экологӣ насб карда шуд, ки мавзӯи асосӣ – ин тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атроф аз партов мебошад. Солҳои охир насби чунин овезаҳои экологиву иттилоотӣ ба ҳукми анъана даромада, боиси баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ мегардад.
Насби баннерҳои экологӣ дар шаҳри Панҷакент
Бо мақсади ташвиқу тарғиби муҳити тозаву обод, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ аз ҷониби шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Панҷакент дар кӯчаҳои марказии шаҳр 3 адад баннерҳои экологӣ насб карда шуд. Ин иқдом аз татбиқи амалии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри тозаву обод нигоҳ доштани муҳити атроф аз партов, сарсабзу хуррамгардонӣ сарчашма мегирад.
Ҳашари дастаҷамъонаи ниҳолшинонӣ дар шаҳри Истаравшан
Ҷиҳати сабзухуррамгардониимуҳитизист, иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи маъракаи ободонию кабудизоркунӣ дар Қалъаи Муғи шаҳри Истаравшан 850 адад ниҳолҳои ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд. Чорабинӣ бо иштироки фаъолонаи аҳолии ҷамоату деҳотҳои шаҳр доир гардид. Тибқи маълумоти бахши муҳити зист дар шаҳри Истаравшан аз аввали мавсими ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ шумораи умумии ниҳолҳои шинонидашуда 73630 бехро ташкил дод.