Аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Конибодом ҳангоми гузаронидани амалиётҳои фаврӣ дар ҷамоати деҳоти Фирузоба ва Пулотон минтақаи болооби обанбори Баҳри Тоҷик сайди ғайриқонунии моҳӣ дар давраи манъи сайди моҳӣ ошкор карда шуд. Қонуншиканӣ аз тарафи сокинони шаҳрҳои Конибодом ва Исфара содир карда шуда, дар маҷмӯъ 41 сар намуди гуногуни моҳӣ мусодира карда шуд. Арзиши умумии зарари ба муҳити зист расонидашуда, тибқи замимаи № 8-и Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 790 аз 31.12.2014 сол 3 ҳазор сомониро ташкил дод. Маводҳо барои чораандешӣ ба прокуратураи шаҳри Конибодом фиристода шуд.
Шарҳ додан