Таҷлили санаҳои экологӣ дар муассисаи таълимии ноҳияи Деваштич

  Дар асоси нақшаи корӣ, бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии хонандагон аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Деваштич дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 38-и ба У.Нарзуллоеви деҳаи Қалъачаи Азим, ҷамоати деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштич чорабинии экологӣ ташкил ва гузаронида шуд. Он бо иштироки омӯзгорони фанни география, экология ва хонандагони синфҳои 9 гузаронида шуда, ба санаҳои экологӣ - ба Рӯзи донишҳои экологӣ ва Рӯзи умумиҷаҳонии замин бахшида шуд. Дар чорабинӣ хонандагон дар мавзуъҳои «Мо табиатро ҳифз менамоем», «Роҳҳои пешгирии ифлосшавии об», «Ҳаво - таркиб, хосиятҳои он ва роҳҳои тоза нигоҳ доштани он», «Ҳифзи муҳити зист» «Замин ва хусусиятҳои он» баромадҳо намуданд . Инчунин оид ба табиати зебои диёр ва муҳофизати он, ҳифзи олами набототу ҳайвонот, самаранок истифодабарии захираҳои обӣ аз ҷониби гурӯҳи хонандагон гуфторҳо ва шеърҳо қироат гардид.

Амалиётҳои фаврӣ дар давраи тухмигузории моҳиҳо

  Дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти ҳифзи муҳити зист дар давраи тухмигузории моҳиҳо дар дарёву обанборҳо мунтазам амалиётҳои фаврии шабонарӯзӣ гузаронида шуда истодааст.  Ҳангоми гузаронидани чунин амалиёт дар минтақаи Туқай соҳили дарёи Сир аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷаббор Расулов зиёда аз 130 метр тӯри моҳигирии бесоҳиб дарёфт ва мусодира карда шуд.

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар давраи тухмигузории моҳиҳо

  Амалӣ намудани фармоишҳои Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва татбиқи нақшаи - чорабиниҳо дар давраи манъи сайди моҳӣ доимо зери назорати мутахассисони мақомоти ҳифзи муҳити зист қарор дорад. Ба ҷуз аз мубориза бурдан бар зидди қуруқшиканҳо, гузаронидани корҳои оммавии ташвиқотию тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ оиди роҳ надодан ба қонуншиканиҳо, ифлос накардани муҳити зисти организмҳои обӣ, хусусан ҷойҳои тухмигузории моҳиҳо, ҳаракат накардан бо заврақҳо дар обанбору дарёҳо, сайру гашти шаҳрвандон ва боркашонӣ, гирифтани хоку кум аз ҷойҳои тухмигузории моҳиҳо, даравидани камишзорҳо ва растаниҳои обӣ, партофтани партовҳои маданию маишӣ ва ғайраҳо барои баланд намудани донишҳои экологӣ ва маърифату маданияти шаҳрвандон самараи хуб медиҳад.

Корҳои ободонӣ ва баргузории аксияҳои экологӣ дар ноҳияи Шаҳристон

   Баҳри амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи нақшаи пешбинигардидаи мақомоти ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Шаҳристон аксияҳои экологӣ ва дигар корҳои вобаста ба ободонию кабудизоркунӣ баргузор гардид. Дар ҷамоати деҳоти Шаҳристон ва Бунҷикат аксияи «Тозагии маҳал» бо иштироки беш аз 900 нафар намояндагони корхона, ташкилоту муассисаҳо ва аҳолие, ки ҷойи истиқоматашон қадди роҳ мебошад гузаронида шуд. Дар рафти аксия корҳои асосӣ ба обод кардани ду канори роҳи протоколӣ бахшида шуда, дар натиҷа 1 км кӯча рӯбучин ва 1,6 км ҷӯйбор тоза гардида, инчунин 400 метр девори коргоҳу дигар биноҳои дар қадди роҳи протоколӣ мавҷуд буда сафед карда шуд. Ҳамзамон ба партовгоҳи ноҳиявӣ 3 метри мукааб партовҳо бароварда шудааст. Дар баробари ин, дар қисмати Шаҳристон-сой, ки аз ҳудуди ҷамоати деҳоти Шаҳристон мегузарад аксияи «Тозагии соҳил» бо иштироки 200 нафар хонандагони мактабҳо, Литсейи касбӣ – ҳунарӣ ва мураббиёни муассисаи томактабӣ гузаронида шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.