Пешбурди донишҳои экологӣ, ташаккули маърифати экологии аҳолӣ, бохабар намудани ҷомеа оид ба муаммоҳо, амният ва ҳолати экологӣ, ҳамчунин тарбия намудани ҳар фарде, ки барояш беҳдошти муҳити зист бетавофут нест - ҳадафи асосии баргузории рӯзи дониши экологӣ мебошад. Доир ба ин мавзуъ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и ба номи А.Фирдавсии шаҳри Хуҷанд вохӯрии кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист бо омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоӣ доир гардид. Корманди шуъбаи ҳифзи муҳити зист доир ба тарбия, маърифат ва роҳҳои ташаккули маданияти экологӣ баромад намуд. Аз тарафи хонандагони муассиса дар мавзуъҳои мухталифи хифзи муҳити зист, нигоҳдорӣ ва ҳифзи сарватҳои табиӣ, захираҳои об ва замин, ҳифзи ҳавои атмосфера, олами бою рангини наботот ва ҳайвоноти кишварамон баромадҳо пешкаш гардид.
Ҳамчунин зимни баромад директори муассиса ва омӯзгори фанни экология ташкил ва гузаронидани вохӯриро саривақтӣ арзёбӣ намуда, таъкид намуданд, ки дониш ва маърифати экологии насли наврас рӯз аз рӯз беҳтар гардида истодааст, ки ин ба манфиати ҷомеа ва беҳбудии муҳити зист мебошад.
- Кликните, чтобы открыть изображение! Кликните, чтобы открыть изображение!

https://ecosugd.tj/tj/news/868-vohurishahr042021.html#sigProGalleria6d5b67f2eb