Баҳри амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои бахшида ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи нақшаи пешбинигардидаи мақомоти ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Шаҳристон аксияҳои экологӣ ва дигар корҳои вобаста ба ободонию кабудизоркунӣ баргузор гардид. Дар ҷамоати деҳоти Шаҳристон ва Бунҷикат аксияи «Тозагии маҳал» бо иштироки беш аз 900 нафар намояндагони корхона, ташкилоту муассисаҳо ва аҳолие, ки ҷойи истиқоматашон қадди роҳ мебошад гузаронида шуд. Дар рафти аксия корҳои асосӣ ба обод кардани ду канори роҳи протоколӣ бахшида шуда, дар натиҷа 1 км кӯча рӯбучин ва 1,6 км ҷӯйбор тоза гардида, инчунин 400 метр девори коргоҳу дигар биноҳои дар қадди роҳи протоколӣ мавҷуд буда сафед карда шуд. Ҳамзамон ба партовгоҳи ноҳиявӣ 3 метри мукааб партовҳо бароварда шудааст. Дар баробари ин, дар қисмати Шаҳристон-сой, ки аз ҳудуди ҷамоати деҳоти Шаҳристон мегузарад аксияи «Тозагии соҳил» бо иштироки 200 нафар хонандагони мактабҳо, Литсейи касбӣ – ҳунарӣ ва мураббиёни муассисаи томактабӣ гузаронида шуд.
Таҷлили Рӯзи донишхои экологӣ дар муассисаи таълимии шаҳри Панҷакент
Баҳри татбиқи нақшаи чорабиниҳои бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент, бо мақсади баланд бардоштани дониш ва маърифати экологӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 15 бо хонандагони синфҳои 10-11 вохӯрӣ доир гардид. Мутахассиси бахш ба хонандагон оид ба ҳадаф ва таърихи ин санаи экологӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуда, даъват намуд, ки баҳри ободиву сарсабзӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли зист ва муҳити атроф, инчунин дар чорабиниҳои экологӣ фаъолона иштирок намоянд. Дар вохӯрӣ ҷонишини директори мактаб низ иштирок намуда, барои баргузории чунин вохӯриҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, изҳор намуд, ки хонандагон бояд бештар ба мавзуъхои экологӣ диққати махсус диҳанд.
Таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии дониши экологӣ дар муассисаи таълимии ш.Хуҷанд
Пешбурди донишҳои экологӣ, ташаккули маърифати экологии аҳолӣ, бохабар намудани ҷомеа оид ба муаммоҳо, амният ва ҳолати экологӣ, ҳамчунин тарбия намудани ҳар фарде, ки барояш беҳдошти муҳити зист бетавофут нест - ҳадафи асосии баргузории рӯзи дониши экологӣ мебошад. Доир ба ин мавзуъ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и ба номи А.Фирдавсии шаҳри Хуҷанд вохӯрии кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист бо омӯзгорон ва хонандагони синфҳои болоӣ доир гардид. Корманди шуъбаи ҳифзи муҳити зист доир ба тарбия, маърифат ва роҳҳои ташаккули маданияти экологӣ баромад намуд. Аз тарафи хонандагони муассиса дар мавзуъҳои мухталифи хифзи муҳити зист, нигоҳдорӣ ва ҳифзи сарватҳои табиӣ, захираҳои об ва замин, ҳифзи ҳавои атмосфера, олами бою рангини наботот ва ҳайвоноти кишварамон баромадҳо пешкаш гардид.
Вохӯрӣ дар муассисаи таълимии шаҳри Истиқлол
Бахшида ба 15-апрел Рӯзи донишҳои экологӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и шаҳри Истиқлол бо иштироки мудири бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр вохӯрӣ ва дарси кушод ташкил карда шуд. Дар ҷараёни вохӯрӣ аз тарафи мудири бахш дар бораи роҳҳои баланд бардоштани маърифати экологӣ, муаммоҳои экологии ҷойдошта дар шаҳр, корҳои ободониву ниҳолшинонӣ дар маҳалли зист маълумот пешниҳод гардид. Омӯзгори фанни биология ва экология низ оид ба ғанӣ гардонидани дониши экологӣ, аз ҷумла вобастагии табиату наботот, ҳайвоноту растаниҳо, муносибати ғамхорона нисбати табиат ибрози ақида намуд.