Ташвиқу тарғиби муҳтавои Паём аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд идома дорад. Бо ин мақсад дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 39 ҷамоати деҳаи Ошобаи ноҳияи Ашт вохӯрии мудири бахши ҳифзи муҳити зист бо омӯзгорон ва кормандони муассиса доир гардид. Дар вохӯрӣ нуктаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастовардҳои соли сипаришуда, нишондиҳандаи асосӣ – буҷаи давлатӣ дар муқоиса бо солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар, омодагӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва гузариш ба иқтисоди «сабз» баён гардид. Ҳамчунин барои ҷалб ва иштироки фаъолонаи хонандагон дар беҳбудии муҳити зист ва баланд бардоштани маърифати экологии онҳо ибрози ақида карда шуд.
Иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Шерализода Б.А. дар ҳашари ниҳолшинонӣ дар шаҳри Панҷакент
Баҳри дар сатҳи зарурӣ пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии ташаббуси Асосгузори ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маъракаи кабудизоркуниву ободонӣ вусъати тоза пайдо карда истодааст. Баҳри кабудизоркунӣ ва ободонии диёр дар ҷамоати деҳоти Чинори шаҳри Панҷакент маъракаи кабудизоркунӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон иштирок дошт. Инчунин дар маъракаи мазкур зиёда аз 180 нафар сокинони ҷамоату деҳот ва кормандони бахш фаъолона иштирок намуда, ба миқдори 150 бех ниҳолҳои ороишӣ шинонида шуданд.
Омӯзиши Паём байни хонандагон дар ноҳияи Шаҳристон
Бо мақсади тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тибқи нақшаи корӣ дар муассисаҳои тахсилоти миёнаи умумии № 13 ба номи У.Холбоев ва № 16-и ба номи И.Холмуродов- и ноҳия вохурии кормандони бахши ҳифзи муҳити зист бо хонандагон ташкил ва гузаронида шуд. Рафти вохӯрӣ ба хонандагон самтҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат, бахусус дар соҳаи маориф ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон оид ба ҳамасола гузаронидани озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат»,тарбияи ҷавонон дар руҳияи меҳанпарастӣ ва саҳмгузории онҳо дар рушди босуботи кишварамон корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуд.
Тарғиби нуктаҳои Паём дар муассисаҳои таълимии н.Б.Ғафуров
Баҳри таъмини иҷрои нақшаи корӣ ва нақшаи чорабиниҳои раёсат оид ба иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дарҷ гардидаанд, аз тарафи кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар муассисаи таълимии миёнаи умумии № 17-и ноҳияи Б.Ғафуров бо хонандагон вохӯрӣ гузаронида шуд. Зимни вохӯрӣ доир ба самтҳои Паёми навбатии Пешвои миллат ва нуктаҳои муҳимтарини он, сиёсати дохилию хориҷии мамлакат ва талаботҳои асосӣ, таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, илму маориф, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ шарҳу эзоҳ дода шуд.