Санаи 20 феврал баҳри муташаккилона гузаронидани маъракаи кабудизоркунӣ ва ободонӣ, расонидани ёрии амалӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ, аҳолии вилоят, ташкилоту идораҳо дар корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва бунёди боғу токзорҳои нав ярмарка - фурўши ниҳол ва кўчату тухмии гулу зироатҳо дар майдони назди Театри давлатии мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар он аз тарафи сохторҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят, ташкилоту идораҳои соҳаи кишоварзӣ ва аҳолӣ беш аз 1,2 миллион бех ниҳолҳои гуногун ва гулу гулбуттаҳо ба боғпарварону сокинони вилоят пешниҳод карда шуд. Дар ярмаркаи мазкур Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва зерсохторҳои он аз шаҳру ноҳияҳо фаъолона иштирок намуда, ба аҳолӣ ниҳолҳои дарахтони ороишию ҳамешасабз ва сояафкан пешниҳод намуданд.
Боиси қайд аст, ки дар озмуни эълонгардида, раёсат дар бахши ба фурўш баровардани ниҳолҳои ороишӣ барои ишғоли ҷойи якум бо дипломи дараҷаи I-ум ва 2000 сомонӣ мукофотпулӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сарфароз гардонида шуд.