Амалиёти “Ҳавои тоза” дар ноҳияи Б.Ғафуров

 Бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, дар асоси нақшаи кории шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера бо ҳамкории шуъбаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, дар  ноҳияи  Б.Ғафуров амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 27 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 5 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳру ноҳияҳои вилоят  ирсол гардид.

Шанбегии умумишаҳрӣ дар шаҳри Исфара

  Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд шанбегиҳои оммавӣ идома дорад. Бино ба иттилои бахши ҳифзи муҳити зисти  шаҳри Исфара бо  иштироки  кормандони муассисаву ташкилот, аҳолии ҷамоту деҳот қариб 2 ҳазор нафар дар миқёси шаҳр шанбегии умумишаҳрӣ доир гардид. Ҳудудҳои маҳаллаҳои аҳолинишин ба масоҳати 8060 м2 тоза карда шуда, ба миқдори қариб 4 ҳазор адад гулҳои  мавсимӣ шинонида шуд, 5,64 га замин аз алафхои бегона ва 2100м ҷӯйбор аз партовҳои хархела тоза карда шуд. Ҳамчунин  25 м3 партов ба партовгоҳи шаҳр бароварда шуд.

Шанбегии умумишаҳрӣ дар шаҳри Истаравшан

 Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тозаву обод намудани муҳити зист дар шаҳри Истаравшан шанбегии умумишаҳрӣ доир гардид. Дар он соҳибкорон, намояндагони корхонаву  ташкилотҳо, муассисаҳои таълимӣ, беморхонаҳои марказӣ ва хусусӣ, аҳолии ҷамоатҳои деҳот ҳамагӣ 520 нафар иштирок доштанд.  Рафти шанбегӣ  канори ҷуйборҳои обгузари дохили шаҳр ба масоҳати 2,1 км ва кӯчаҳои протоколии хиёбони Исмоили Сомонӣ ва Истиқлол, ҳудуди биноҳои маъмурии назди корхонаву ташкилотҳо тоза карда шуда, 6,6 тн. партовҳо ба партовгоҳи шаҳр бароварда шуд. Корҳо дар ин самт мунтазам идома дорад.

Аксияи «Тозагии роҳ» дар ноҳияи Ашт

     Бо мақсади беҳбудӣ бахшидан ба вазъи экологӣ, тозаву обод намудани қадди роҳҳо аз партовҳо, иҷрои нақша чорабиниҳо бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  санаи 16 июли соли равон  дар  ҷамоатҳои  Шодоба ва Ошобаи  ноҳияи Ашт аксияи «Тозагии  роҳ» гузаронида шуд. Дар аксия зиёда аз 150 нафар кормандони идораи роҳ ва сокинони ҷамоатҳо иштирок намуда, 5 км қадди  роҳи асосии Ошоба - Хуҷанд аз партовҳои  гуногуни  пластикӣ ва алафҳои хушк тоза гардида, 3 тн.партов ба партовгоҳи ноҳия  бароварда шуд. Баргузории  чунин аксияхо  дар дигар минтақаҳои вилояти Суғд идома дорад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.