Чун анъана, ҳар сол якшанбеи дуюми моҳи июл Рўзи моҳидорон қайд карда мешавад. Ин рўз барои тамоми моҳипарварон ва моҳидорон ҳамчун иди касбӣ ба ҳисоб рафта, ҳадафи таҷлили санаи мазкур - ҷалб кардани аҳолӣ ба ин намуди фароғат, тарбияи малакаҳои муносибати эҳтиёткорона ба табиат ва захираҳои табиии он, аз ҷумла захираҳои моҳӣ мебошад. Дар ҳавзаҳои дарёҳои микёси вилоят зиёда аз 50 намуд моҳӣ мавҷуд буда, онҳо танҳо дар оби тоза зиндагӣ мекунанд ва аз ин рӯ, тозаву озода нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванд ва инсони табиатдўст ба ҳисоб меравад.
Дар вилояти Суғд барои афзун гардонидани захираҳои моҳӣ, ривоҷ додани соҳаи моҳипарварӣ, истифодаи моҳиҳо дар тозакунии биологии оби обанборҳо, нигоҳ доштан ва ҳифзи намудҳои нодири онҳо аз нестшавӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи муҳити зист тадбирҳои судманд андешида мешавад. Масалан, ҳар сол дар давраи тухмгузорӣ бо мақсади ҳифз ва афзун гардонидани захираҳои моҳӣ бо қабули фармоишҳои махсуси дахлдори Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори раёсат манъи сайди моҳӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Тибқи фармоишҳои мазкур дар соли равон низ дар дарёву обанборҳои ҳудуди вилояти Суғд аз 1 апрел то 15 июн сайди моҳӣ манъ карда шуд, ки ҷиҳати фароҳам овардани шароит ба рафти афзоиши табиӣ ва боиси ҳифзи миллионҳо моҳичаҳо мегардад.
Яке аз чораҳои ғанӣ гардонидани захираҳои моҳӣ дар обанбори «Баҳри тоҷик» ва беҳтар кардани вазъи экологии Сирдарё ин истифодаи усули биомелиоративӣ мебошад. Бо пешниҳоди Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ҳар сол аз ҷониби ҶСШК «Таъминоти моҳӣ» садҳо ҳазор моҳичаҳои намуди капур, пешонипаҳн ва амури сафедро ба обанбор ворид карда мешавад. Парвариши ин моҳичаҳои растанихўр ба кам гардидани растаниҳои обӣ ва тозашавии маҷрои дарё мусоидат менамояд. Қайд бояд кард, ки усули мазкур нисбат ба дигар усулҳо аз ҷиҳати экологӣ бартарӣ дошта, аз як тараф дарё аз растаниҳои обӣ тоза мешавад, дуюмаш биотопҳо -намудҳои барангезандаи касалӣ нобуд мегарданд ва маҳсулнокии захираҳои моҳӣ меафзояд. Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ дар асоси нишондодҳои илмӣ ин равандро ҷихати тозагии дарёи Сир идома диҳад.
- Кликните, чтобы открыть изображение! Кликните, чтобы открыть изображение!

https://ecosugd.tj/tj/news/608-tajiliruzimohidori072020.html#sigProGalleria2de2300fe9