Чун анъана, ҳар сол якшанбеи дуюми моҳи июл Рўзи моҳидорон қайд карда мешавад. Ин рўз барои тамоми моҳипарварон ва моҳидорон ҳамчун иди касбӣ ба ҳисоб рафта, ҳадафи таҷлили санаи мазкур - ҷалб кардани аҳолӣ ба ин намуди фароғат, тарбияи малакаҳои муносибати эҳтиёткорона ба табиат ва захираҳои табиии он, аз ҷумла захираҳои моҳӣ мебошад. Дар ҳавзаҳои дарёҳои микёси вилоят зиёда аз 50 намуд моҳӣ мавҷуд буда, онҳо танҳо дар оби тоза зиндагӣ мекунанд ва аз ин рӯ, тозаву озода нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванд ва инсони табиатдўст ба ҳисоб меравад.
Дар вилояти Суғд барои афзун гардонидани захираҳои моҳӣ, ривоҷ додани соҳаи моҳипарварӣ, истифодаи моҳиҳо дар тозакунии биологии оби обанборҳо, нигоҳ доштан ва ҳифзи намудҳои нодири онҳо аз нестшавӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи муҳити зист тадбирҳои судманд андешида мешавад. Масалан, ҳар сол дар давраи тухмгузорӣ бо мақсади ҳифз ва афзун гардонидани захираҳои моҳӣ бо қабули фармоишҳои махсуси дахлдори Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори раёсат манъи сайди моҳӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Тибқи фармоишҳои мазкур дар соли равон низ дар дарёву обанборҳои ҳудуди вилояти Суғд аз 1 апрел то 15 июн сайди моҳӣ манъ карда шуд, ки ҷиҳати фароҳам овардани шароит ба рафти афзоиши табиӣ ва боиси ҳифзи миллионҳо моҳичаҳо мегардад.