Нозирони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, минтақаи ноҳияи Деваштич амалиёти фаврӣ гузарониданд. Мақсади асосии баргузории амалиёти мазкур ин пешгирии фурўши ғайриқонунии ҳайвоноти нодир, аз ҷумла мори печони шарқӣ, хорпуштак ва сангпушт мебошад. Ҳамзамон, амалиёти фаврӣ дар ҳудуди Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ба номи Г.П. Мусоеви ноҳияи Деваштич оид ба ошкор намудани буриши ғайриқонунии дарахтони арча, шикори ғайриқонунӣ, чаронидани чорво дар ҳудуди чарогоҳҳои хоҷагии ҷангал ва дигар қонунвайронкуниҳо гузаронида шуд.
Баргузории аксияи «Тозагии маҳал» дар шаҳри Истаравшан
Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоӣ ва тозаву обод нигоҳ доштани муҳити зисти шаҳри Истаравшан, бо ташаббуси бахши ҳифзи муҳити зист аксияи «Тозагии маҳал» баргузор гардид. Дар чорабинии умумишаҳрӣ зиёда аз 800 нафар намояндагони корхона ва ташкилот, аз ҷумла беморхонаҳои марказӣ ва хусусӣ, кумитаи маҳаллаҳо, соҳибкорон ва аҳолии ҷамоати шаҳраку деҳот иштирок намуда, як қатор корҳои ободониро ба сомон расониданд. Ҷўйбори обгузари ду канори хиёбони И.Сомонӣ ва хиёбони Истиқлол ба масоҳати 3,2 км, ҳамзамон атрофи назди биноҳои маъмурӣ ва корхонаю ташкилот аз алафи хушки бегона тоза карда шуд. Дар ҳамаи ҷамоати шаҳраку деҳот чунин чорабинӣ амалӣ гардида, дар мавзеъҳои ҷамоати деҳоти Зарҳалол, Пошкент, Нофароҷ, Ҷавкандак ва Чорбоғ заминҳои қадди роҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ нарм гардид. Ҳамзамон, корҳои тоза намудани қадди роҳи мазкур аз партовҳо, алафи бегонаи хушк ва сафед кардани зиёда аз 220 пояҳои дарахтон ба иҷро расид.
Чорабиниҳои экологӣ дар ноҳияи Б.Ғафуров
Мувофиқи нақшаи пешбинигардида ва дар доираи чорабиниҳои бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳити зист дар ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров аксияи «Тозагии маҳал» ва «Тозагии роҳ» гузаронида шуд. Аз тарафи кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия бо ҷалби аҳолӣ ва намояндагони хоҷагиҳои қадди роҳ, муассиса ва ташкилот, дар маҷмўъ 350 нафар корҳои ободони ба сомон расонида шуд. Дар рафти аксия 6,7 км ду тарафи роҳи Б.Ғафуров – Конибодом аз партов ва алафи хушк тоза карда шуд. Ҳамзамон, баҳри пешгирии пайдошавии партовҳои бесоҳиб бо аҳолии, ки хонаи истиқоматӣ дар наздикии роҳ доранд, корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба тозаю озода нигоҳ доштани атроф, напартофтани партовҳо дар ҷойҳои ғайрирасмӣ амалӣ гардид. Дар охири баргузории аксия зиёда аз 15 метри мукааб партовҳо ба партовгоҳи ноҳия бароварда шуд.
Баргузории чорабиниҳои экологӣ дар шаҳри Гулистон
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахшида ба Рўзи байналмилалии муҳити зист дар шаҳри Гулистон аз ҷониби кормандони бахши ҳифзи муҳити зист тадбирҳои зарури андешида шуда, як қатор чорабиниҳо баргузор гардид. Бо иқдоми пешгирифтаи кормандони бахш дар минтақаҳои обанбори Баҳри Тоҷик, ки шаҳрвандон ба он ҷо барои оббозӣ мераванд, аксияи «Тозагии соҳил» ташкил ва гузаронида шуд. Дар аксия зиёда аз 250 нафар аҳолӣ иштирок намуда, беш аз 4 км соҳили обанбор ва ҷойҳои обутобгоҳ ташкил гардида аз ҳаргуна партовҳо, хусусан партовҳои пластикӣ тоза карда шуд. Ҳамагӣ қариб 3 метри мукааб партовҳо бароварда шуд.