Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ба маълумоти Шумо мерасонад, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ҳавасмандии рўзноманигорон ҷиҳати тарғиби ҳифзи муҳити зист, ташвиқи моҳиятиДаҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», «Солҳоирушдидеҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳоимардумӣ» ва омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶумҳурииТоҷикистон дар байни кормандони васоити ахбори омма барои беҳтаринмаводижурналистӣ дар мавзӯи «Сатҳи баланди маърифати экологӣ пояи рушди устувори давлат ва ҷомеа» озмун эълон менамояд.
Амалиёти «Ҳавои тоза» дар ш.Истиқлол
Дар асоси нақшаи корӣ ва бо мақсади беҳтар намудани вазъи ҳавои атмосфера, пурзӯр намудани назорат оиди кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Истиқлол амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 22 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян карда шуд. Дар натиҷа муайян гардид, ки ягон адад воситаҳои нақлиёти автомобилӣ меъёри стандартҳои давлатиро вайрон накардаанд, яъне партови моддаҳои ифлоскунанда (гази СО ва дуда) ба фазои атмосфера барзиёд партофта нашудааст.
Корҳои фаҳмонидадиҳӣ дар муассисаи таълимии ш.Истиқлол
Дар доираи нақшаичорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» дар муассисаи таълимии миёнаи умумии № 2 шаҳри Истиқлол вохӯрӣ бо омӯзгорон ва мактаббачагон доир гардид. Рафти вохӯрӣ мудири бахши КИ ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятии навъи коронавирус байни хонандагон корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида, мудири бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳр оиди масъалаҳои вобаста ба ҳифзи муҳити зист, самаранок истифода бурдани захираҳои обӣ ва тозаву обод нигоҳ доштани муҳити атроф суханронӣ намуданд.
Назорати ҷамъбасти Барнома дар шаҳри Гулистон
Тибқи нақшаи кории Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд барои нимсолаи якум ва нақшаи кории МИҲД вилоят барои моҳи апрели соли равон, санҷиши рафти иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.04.2015, №178 ва Раиси вилоят аз 25.05.2015, №263 дар бораи татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», талаботи амри Раиси вилоят аз 14.12.2015, № 228амр «Дар бораи таъсис додани Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ» ва фаъолияти Комиссияи байниидоравии МИҲД шаҳри Гулистон гузаронида шуд. Ҳангоми гузаронидани санҷиш маводи сохторҳои дахлдори МИҲД шаҳр, аз он ҷумла шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандон, шуъбаи маориф, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, бахши фарҳанг, бахши кор бо занон ва оила, комиссияи оид ба ҳуқуқи кўдак, нашрияи ҳафтаномаи «Соҳил», ҷамоати шаҳраки Сирдарё, Консой ва Чоруқдаррон дида шуд. Пеш аз оғози санҷиш бо раиси Комиссияи байниидоравии маҳалӣ, муовини якуми раиси шаҳр Комилзода Н. оид ба корҳои ба иҷро расида баъд аз санҷиши соли гузашта гуфтугузор карда шуд.