Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ба маълумоти Шумо мерасонад, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ҳавасмандии рўзноманигорон ҷиҳати тарғиби ҳифзи муҳити зист, ташвиқи моҳиятиДаҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», «Солҳоирушдидеҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳоимардумӣ» ва омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии ҶумҳурииТоҷикистон дар байни кормандони васоити ахбори омма барои беҳтаринмаводижурналистӣ дар мавзӯи «Сатҳи баланди маърифати экологӣ пояи рушди устувори давлат ва ҷомеа» озмун эълон менамояд.
Ба озмун маводҳо ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод карда мешаванд. Иштироккунандаи озмун ба комиссияи озмун маълумотномаро, ки дар он ному насаб, суроға, рақами телефон ва маълумот оиди дар кадом воситаи ахбори омма чоп гаштани мақола нишон дода шудааст, бояд пешниҳод намояд. Ба маълумотнома нусхаи мақола, барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ бо диск ва анотатсияи мавод ба шакли чопӣ дар формати А4, шрифти TimesNewRomanTj 14 замима карда мешавад. Нусхаи электронии маводҳо ба суроғаи электронии ecolog.sogd@mail.ru ирсол карда мешавад.
Давраи баргузории озмун то 15 августи соли 2020 муқаррар шуда, дар арафаи иди Истиқлолияти давлатӣ ҷамъбаст мегардад. Ғолибони озмун бо тӯҳфаҳо ва дипломҳои мақомоти ҳифзи ҳифзи муҳити зист сарфароз мегарданд. Телефон барои тамос: 4-39-27