Мувофиқи нақшаи кории шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера ва шуъбаи назорати таҳлилии Раёсат бо ҳамкории шуъбачаи милитсияи экологӣ ва сайёҳии ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, бо мақсади кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера дар шаҳри Бӯстон амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд. Дар рафти амалиёт 35 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян гардид. Дар рафти амалиёт нисбати ронандагони 6 адад воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки меъёри стандартҳои давлатиро вайрон карда, партови моддаҳои ифлоскунандаро (гази СО) ба фазои атмосфера барзиёд ихроҷ кардаанд, протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораандешӣ ба БДА-и шаҳру ноҳияҳои вилоят ирсол гардид.
Вохӯрӣ дар муассисаи таълимии ноҳияи Б.Ғафуров
Дар асоси барқияи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, бо мақсади гузаронидани корҳои ташвиқоти дар самти баланд бардоштани маърифати экологӣ дар Рӯзи умумиҷаҳонии донишҳои экологӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 33, ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров вохӯрӣ бо омӯзгорон ва толибилмон доир гардид. Намояндаи шуъбаи ҳифзи муҳити зисти н.Б.Ғафуров ва омӯзгори фанни экологияи муассиса ба хонандагон доир ба тарбия ва донишҳои экологӣ, аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, муносибати эҳтиёткорона ба муҳити зист ва ҳифзи захираҳои табиӣ суханронӣ намуданд.
Рӯзи дониши экологӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳри Истиқлол
Бо мақсади пешбурди донишҳои экологӣ, ташаккули маърифати экологии аҳолӣ, бохабар намудани ҷомеа оид ба муаммоҳо, амният ва ҳолати экологӣ, ҳамчунин тарбия намудани ҳар фарде, ки барояш беҳдошти муҳити зист бетавофут нест - ҳадафи асосии баргузории рузи дониши экологӣ мебошад. Дар баробари дигар бахшҳои хифзи мухити зисти вилоят бо иқдоми бахши шаҳри Истиқлол низ бахшида ба Рузи умумичахонии дониши экологи ва Рузи Замин дар муасиссаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6 бо иштироки намояндаи шуъбаи маориф ва сармутахассиси бахш семинар бо хонандагон баргузор гардид.
Вохӯрӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Масчоҳ
Бо мақсади гузаронидани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1 ва № 9 ҷамоати ш.Бӯстони ноҳияи Масчоҳ низ вохурии кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти нохия бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии донишҳои экологӣ доир гардид. Омӯзгорони фанни экология ва намояндагони бахш дар мавзӯи роҳҳои баланд бардоштани дониши экологӣ байни насли наврас ва ҷавонон, корҳои иҷро гардида аз ҷониби муассисаҳо доир ба ҳифзи муҳити зист ва саҳми хонандагон дар беҳбудии муҳити атроф баромад намуда, баргузории чунин вохӯриву суҳбатҳоро саривақтӣ арзёбӣ намуданд.