Бо мақсади пешбурди донишҳои экологӣ, ташаккули маърифати экологии аҳолӣ, бохабар намудани ҷомеа оид ба муаммоҳо, амният ва ҳолати экологӣ, ҳамчунин тарбия намудани ҳар фарде, ки барояш беҳдошти муҳити зист бетавофут нест - ҳадафи асосии баргузории рузи дониши экологӣ мебошад. Дар баробари дигар бахшҳои хифзи мухити зисти вилоят бо иқдоми бахши шаҳри Истиқлол низ бахшида ба Рузи умумичахонии дониши экологи ва Рузи Замин дар муасиссаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6 бо иштироки намояндаи шуъбаи маориф ва сармутахассиси бахш семинар бо хонандагон баргузор гардид.
Рафти семинар хонандагон бо ҳисси баланди табиатдӯстӣ дар васфи табиат ва захираҳои он, самаранок истифода бурдани об, напартофтани партовҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ баромадҳо пешкаш намуданд.
- Кликните, чтобы открыть изображение! Кликните, чтобы открыть изображение!

https://ecosugd.tj/tj/news/542-rddshisteco042020.html#sigProGalleria193f932947