Дар ҳамкорӣ бо Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд санаи 2.02.2022 дар барномаи иттилоотии «Гуфтугӯи мустақим» 4 нафар сармутахассисони сарраёсат иштирок намуданд. Мавзӯи барнома ба оғозшавии маъракаи муташаккилонаи ниҳолшинонӣ, ободонӣ, риояи талаботи қонунгузорӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ва дар маҷмуъ баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон бахшида шуд. Дар давоми як соати барномаи мустақим ба тамошобинон дар бораи вазифаҳои хизматии сарраёсат, қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва чораҳои маъмурии пешбинишуда, тибқи қарори Раиси вилояти Суғд қоидаҳои маъракаи ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ, муомилот бо партовҳо, аз ҷумла нуқтаҳои муваққатан ҷойгиронии партовҳои истеъмолӣ, «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», намудҳои ҳайвоноту растаниҳои ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилгардида маълумоти мухтасар ва ба як қатор саволҳои додашудаи бинандагон ҷавобҳои мушаххас пеш-ниҳод гардид.
Ҳамзамон, дар силсила барномаҳои «Эъҷози табиат»-и радиои вилояти Суғд дар бораи гузаронидани корҳои биотехникӣ дар минтақаҳои баландкуҳ, маъракаи ниҳолшинонӣ ва корҳои ободонӣ, маълумот дар бораи санаҳои экологӣ аз ҷумла 2 феврал – Рӯзи умумиҷаҳонии заминҳоиобивуботлоқӣ аз ҷониби сармутахассисони сарраёсат ва зерсохторҳо баромад карда шуд. Ташкили барномаҳои мазкур дар доираи талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» амалӣ гардидааст.