Мониторинги экологӣ

Мутахассисони шӯъбаи назорати таҳлилии Раёсат ҳар моҳ мониторинги экологии минтақаҳои наздисарҳадиро гузаронида, ҳолати ҳавои атмосфера дар нуқтаҳои мухталифи ҳудуди санитарӣ-муҳофизатии корхонаҳои саноатӣ то хати сарҳади Чумҳурии Тоҷикистону  Ӯзбекистон амалӣ менамоянд. Ҳамзамон ҳолати ҳавои атмосфера ва дараҷаи радиатсия дар ҳудуди ноҳияҳо санҷида шуда, оид ба тағирёбии тамоюли таъсири партовҳо ба ҳавои атмосфера ва манбаҳои обии минтақаҳо муайян карда мешавад.

Мониторинги ҳавзаи дарёи Сир аз рӯи 24 ҷузъиёт бо гирифтани 12 намунаҳои об аз ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Ашт, Хуҷанд, Спитамен ва Гулистон гузаронида шуда, нишондоди фулузоти вазнин дар оби дарё муқаррар карда мешавад.

Дар таркиби намунаҳои хок низ асосан миқдори фулузоти вазнин муайян гардида, дар ҳолати аз меъёр зиёд будани нишондодҳо ба қайд гирифта мешавад.

Ҳамзамон, барои муайян кардани сатҳи радиатсионӣ ченкунии гамма – афканишот дар ҳудуди ноҳияҳои наздисарҳадӣ  амалӣ  мегардад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.