Санаи 4 ноябри соли равон дар маҷлисгоҳи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Чумҳурии Тоҷикистон маҷлис бо иштироки кормандон доир гардид. Дар баромади худ сардори Раёсат Темурҷон Нӯмонзода иброз намуд, ки боиси ифтихор аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо яке аз панҷ конститутсияҳои беҳтарини давлатҳои аъзои ин ташкилоти мӯътабари байналмилалӣ эътироф шудааст. Маҳз сокинони Ватани соҳибистиқлоламон бо қабули Қонуни асосии кишвар барои ташаккули давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд заминаи боэътимод гузоштаанд. Арзиши баланди Қонуни асосии кишвар дар моҳияти сиёсиву фарҳангӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, давлатию ҳуқуқӣ, таърихию анъанавӣ ва миллӣ доштани он зоҳир мешавад.
Сокинони Ватанамон маҳз бо риояи меъёрҳои конститутсионӣ барои расидан ба ҳадафҳои пешгирифтаи худ дар самти эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ қадамҳои устувор мегузоранд. Дар давоми 22 соли қабули Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон худро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари рӯ ба сӯи тараққӣ ниҳода нишон дода, аз тарафи созмонҳои байналхалқӣ баҳои баландро сазовор шуд. Ҳар як моддаи он танҳо ба хотири беҳбудии шаҳрвандон равона шудааст. Чунончӣ, дар моддаҳои 13 ва 44-и Конститутсия омадааст : «Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад» ва «Ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст», ки кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зистро ба он водор менамояд, ки баҳри беҳдошт ва нигаҳдории муҳити зисти кишварамон саҳмгузор бошанд.