“Сўзонидани партов ва баргҳои дарахтон дар кўчаву хиёбонҳо, майдону боғҳо ва гулгашту боғҳои фарҳангу фароғатӣ қатъиян манъ аст”
Фасли тирамоҳ дар баробари фасли заррин будан, боз мушкилотҳоеро ба миён меорад, ки кормандони соҳаи коммуналӣ барои халосӣ аз он танҳо як “усул” -ро ба кор мебаранд, ки ин сўзиши хазон мебошад.
Мутобиқ ба таҳлилҳои мутахассисони соҳаи муҳити зист роҳ додан ба сўзонидани партов боиси хурўҷи касалиҳои диққи нафас гардида, нороҳатии шаҳрвандонро ба миён меорад. Таъкид менамоем, ки дар қатори дигар партовҳои аз рўзгор ҳосилшаванда барги хазоншуда низ ба партов табдил меёбад ва дар бисёр ҳолатҳо барои аз партовҳо раҳоӣ ёфтан кормандони соҳаи коммуналӣ ва дигар шахсони вобаста шуда, ба оташ задани барги хазонгашта даст мезананд.
Бехабар аз он ҳастанд, ки дар натиҷаи сўхтани ин гуна мавод ба ҳавои атмосфера моддаҳое ба саломатии мавҷудоти зинда зарраррасон, ба монанди дуда, оксиди карбон, ангидриди олтингўгирд, оксидҳои нитроген ва диоксинҳою фуран, ки ба гурўҳи моддаҳои устувори органикӣ шомил мебошанд, ихроҷ гардида аввал ба роҳи нафаси одамон, баъдан бо бўи ғализ ва дудаи худ дохили ҳуҷраҳои биноҳо шуда, ба муҳити атроф ва сипас, ба ҳавои атмсофера дохил гардида, оқибат ба раванди метеорологӣ ҳангоми боришоти атмосферӣ бо оби борон ҳамроҳ гардида, ҳангоми ба замин рехтан ба таркиби хок дохил шуда, хокистартўдааш ба воситаи оби ёборишот ҷаббида гардида, ҳамчун маҳлули ишқорӣ ба манбаъҳои обӣ ҷорӣ мегардад. Чунин ҳолат метавонад ба муҳити зист табиӣ зарар ворид созад.
Лозим ба ёдоварист, ки оддитарин роҳҳои бартарафсозӣ ин ҷамъоварии баргу хазон дар ҷойҳои мусоид буда, табдилдиҳии он ба компост мувофиқи мақсад мебошад. Албатта истифодаи мақсадноки чунин усул агар аз як тараф сўзиши баргу хазонро пешгирӣ намояд, аз ҷониби дигар истифодаи компост ба гулу сабза ва дарахтон ҳамчун пору истифода хоҳад гардид.
Мувофиқи талаботи моддаи 231 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутасаддиён ва аҳли ҷамоатчигиро огоҳ менамояд, ки барои риоя накардани талаботи муҳофизати ҳавои атмосфера ҳангоми сўхтани партовҳои гуногун ба:
– шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то се (аз 40 то 80 сомонӣ);
– шахсони мансабдор аз си то чил (аз 1200 то 1600 сомонӣ);
– шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад (аз 4000 то 8000 сомонӣ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима муайян карда шудааст.
Муҳим будани масъалаи мазкурро барои саломатии шаҳрвандон, тозагию ободц ба назар гирифта, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Сущд ба аҳолӣ, ташкилоту муассисаҳо ва хадамоти дахлдор муроҷиат менамояд, ки аз сўзондани хазон дар кўчаю ҷойҳои партовҷамъкунӣ худдорӣ кунанд, ба тозагии ҳавои атмосфера аҳамияти зарурӣ диҳанд.
Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд