Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 9 феврали соли равон нишасти матбуотии якҷояи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят, Сарраёсати кишоварзӣ, Кумитаи идораи замин, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2022 доир гардид. Дар он рӯзноманигорони воситаҳои ахбори омма, мухбирони рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Халқ овозӣ», «Садои мардум», «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқатӣ», «Ризқофарин», «Нилуфар», «Кайҳон», «Тирози ҷаҳон», оҷонсиҳои иттилоотии «Азия Плюс, »«Озодӣ», «Сугднюс», «Спутник», телевизионҳои Суғд, ШТР «Азия», СМ-1, «Диёр», «Сафина», «Синамо», «7 Ситора» , радиои «Замон» ва «Пайванд» дар маҷмӯъ, 32 нафар намояндагон иштирок доштанд. Ба рӯзноманигорон варақаҳои иттилоотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар соли 2022 дастрас гардид. Дар рафти нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон оид ба корбарӣ дар самти ҳифзи олами ҳайвоноти нодир, таъсири сардиҳо ба захираҳои моҳии обанбори Баҳри тоҷик, таъсири радиофаъолнокӣ ба участкаҳои наздиҳавлигии соҳили рости шаҳри Хуҷанд, назорати корхонаи коркарди пӯст, ки партовобаш манбаи обиро ифлос менамояд, ҷой доштани ҳолати буриши ғайриқонунии дарахтон дар миқёси вилоят ва тадбирҳои андешидашуда, ҳифз ва барқарор намудани хатти муҳофизатии ҷангал ва дигар масъалаҳои вобаста ба ҳифзи муҳити зист ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Нишасти матбуотии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд
Шарҳ додан