Ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилоят дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд вохӯрии муовини раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фахриддинзода Фирдавс бо ҷавонони мақомот доир гардид. Бо суханони ифтитоҳӣ сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода Азиз вохӯриро оғоз бахшида, доир ба руйдоди таърихӣ - 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои бузурги кишвари соҳибистиқлол, дар давраи начандон тӯлонии таърихи навини кишвар, ба вуқуъ пайвастани навгониҳои беназир дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, фарҳангиву маънавӣ ва инчунин дастоварҳои мақомот дар ин давра суханронӣ намуд. Дар баромади худ сармутахассиси Сарраёсат оид ба нақши назарраси ҷавонон дар фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист, иштироки фаъолонаи онҳо дар чорабиниҳои экологӣ, давлативу сиёсӣ, қайд намуда, зикр карда шуд, ки аз ҳисоби умумии кормандони Сарраёсат 74%-ро ҷавонон ташкил дода, ҳамаи онҳо дорои маълумоти олӣ мебошанд.
Ҳамчун нишони пайравӣ ва эътиқоду боварӣ ба сиёсати муваффақонаи Раиси ҳизб - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аксари ҷавонон аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошанд. Бо мақсади таҷрибаомӯзии мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизматчиёни давлатӣ, сиёсатшиносӣ, дипломатия ва такмили ихтисос, 2 нафар кормандони мақомот хатмкунандагони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки ин боиси ифтихор аст. Дар навбати худ Фахриддинзода Ф. оид ба дастовардҳои ҷавонони кишвар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ, саҳми ҷавонон дар пешрафти ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд баромад намуда, барои гузоштани саҳмиарзандадартатбиқи босамари сиёсати давлатии кор бо ҷавонон, баланд бардоштани ҳуввиятимиллиюэҳсоси худшиносӣ вабахшидаба 32- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 нафар кормандонро бо Сипосномаи Филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд сарфароз гардонид. Ҳамчунин сардори Сарраёсат Ғуфронзода Азиз барои ҳамкории доимии судманд ва иштироки фаъолонаи ҷавонон дар аксияҳои экологӣ ба муовини раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фахриддинзода Ф. Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдим намуд.