Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки и.в. Раиси ноҳияи Зафаробод Исмоилзода Зуфар, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд - сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода Азиз ва ва роҳбарони воҳидҳои сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар Муассисаи таълимии миёнаи умумии № 21 ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Зафаробод Рўзи Дониш дар сатҳи баланд таҷлил карда шуд. Пас аз суханони ифтитоҳӣ намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд - сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода Азиз номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба кулли омўзгорону хонандагон қироат намуд. Сипас, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Зафаробод Исмоилзода Зуфар устодону хонандагонро ба муносибати Рӯзи дониш таҳният намуда, қайд кард, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар баробари таъмини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар барои ба сатҳи талаботи замон баровардани соҳаи маориф, ислоҳоти он, гузаштан ба усулҳои муосири таълиму тарбия, таҳкими заминаҳои моддиву техникии таълимгоҳҳо тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд. Рафти чорабинӣ омӯзгорон ва муҳасиллини муассиса бо эҳсоси ифтихору ватандўстӣ, худшиносиву арҷгузорӣ ба кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол баромадҳо намуда, зикр намуданд, ки дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ба даст овардани хониши хубу аъло саҳми арзандаи худро мегузоранд. Бахшида ба Рӯзи дониш сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Ғуфронзода Азиз ва иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Зафаробод Исмоилзода Зуфар собиқадори соҳаи маориф Саъдиев Нарзуллоро аёдат намуданд.
Таҷлили Рӯзи дониш дар Муассисаи таълимии миёнаи умумии № 21 ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Зафаробод
Шарҳ додан