Дар самти баланд бардоштани маърифати экологӣ ва дар доираи нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», бахшида ба таҷлили 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкории Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» дар факултети геоэкология ва туризм конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нақши Истиқлоли давлатӣ дар ҳалли муаммоҳои ҳифзи муҳити зист» баргузор гардид. Дар кори конференсияи мазкур намояндаи ректорати Донишгоҳ, декан ва устодони факулта, донишҷӯён ва намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист тибқи даъват иштирок доштанд. Тибқи барномаи конференсия аз тарафи иштирокчиён дар мавзуъҳои «Давраҳои такомул ва рушди мақомоти ҳифзи муҳити зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Муаммоҳои муосири ҳифзи муҳити зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои ҳалли онҳо» ва дар васфи Истиқлоли давлатӣ баромадҳо пешниҳод гардиданд. Дар интиҳо аз ҷониби намояндаи сарраёсат ба садорати факултети геоэкология ва туризм, кафедраи экология ва ҳифзи табиат, кафедраи геоэкология ва методикаи таълим, кафедраи географияи табиии факултет, дар маҷмўъ 4 адад Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.
Конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Нақши Истиқлоли давлатӣ дар ҳалли муаммоҳои ҳифзи муҳити зист»
Шарҳ додан