Дар доираи гузаронидани омӯзиш ва таҳлили фаъолияти Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар ноҳияи Ҷ.Расулов, мутобиқи талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» ва бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии ҷавонон дар муассисаҳои таълимӣ вохӯрии намояндаи Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Саидов Х.М. бо хонандагони синфҳои болоӣ, омӯзгорони фанни экология ва биологияи Гимназияи №1-и ҷамоати деҳоти Ғӯлакандози ба номи Камоли Хуҷандии ноҳияи Ҷ.Расулов баргузор гардид. Ҳамчунин, дар чорабинӣ муовини раиси ноҳия Аҳмадзода И., директори гимназия Мирдадоев М., намояндаи шуъбаи маориф Пӯлотов Ғ. ва бахши ҳифзи муҳити зист иштирок доштанд. Рафти чорабинӣ аз ҷониби намояндаи маориф меҳмонон муаррифӣ гардида, муовини раиси ноҳия сухан кард.
Баъд аз тарафи намояндаи сарраёсат доир ба самтҳои ҳифзи муҳити зист, таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ оид ба партовҳои пластикӣ, муаммоҳои экологии ҷаҳони муосир, масъалаҳои вобаста ба истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об, Барномаҳои давлатии соҳавии ба баланд бардоштани маърифти экологӣ равонагардида, Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мубрами экологӣ ба иштирокдорон маълумот дода шуд. Дар интиҳо, ҳангоми дидан намудани китобхонаи гимназия аз ҷониби намояндаи сарраёсат Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба директор тақдим карда шуд. Дар навбати худ намояндаи маорифи ноҳия ба Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилоят китоби омӯзгори собиқадори муассисаи таълимии мазкурро, ки бо номи «Маърифат маскани» бо забони ӯзбекӣ бахшида ба 80-солагии мактаб аз чоп баромадааст тақдим кард.