Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд бо самимияти афзун модарону бонувонро ба ифтихори ҷашни фархундаи 8 март - Рўзи Модар табрику таҳният мегўяд. Дар оғози фасли зебои баҳор ва арафаи соли нави аҷдодӣ мардуми шарафманди мо Рўзи Модарро, ҳамчун яке аз арзишмандтарин идҳои умумихалқӣ ҷашн мегиранд. Бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин санаи муқаддас ба хотири эҳёи яке аз қадимтарин ҷашнвораҳои миллати мо ва гиромидошти занону модарон ба расмият даромада, рисолати ҷомеаро дар муносибат ба эҳтироми модарону хоҳарони арҷманд баланд бардошта, гувоҳи эътибору манзалати волои бонувон дар ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон гаштааст. Бигзор модарону бонувони Тоҷикистони соҳибистиқлол доимо шарафманду соҳибиқбол бошанд. Бо чунин муҳаббати самимӣ ба Шумо ободии хонадон, дар фаъолияти ҳамешагии пурзаҳмат комёбиҳои беназир ва рӯзгори босаодат таманно дорам. Бигузор рўзгоратон сабзу гулафшон ва зиндагониатон лабрези шодию фараҳ бошад. Ҷашни Рӯзи Модар муборак!
Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб ба муносибати 8 Март – Рўзи Модар
Шарҳ додан