Фарорасии иди Наврӯзи байналмилалии фархундапайро, ки баёнгари ҷаҳони маънавӣ, эҳсоси ватандорӣ ва сарчашмаи созандагии ниёгон ва аҳли диёр аст, ба ҳамаи ҳамкасбон ва дӯстдорони табиат самимона табрику таҳният мегӯям. Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббусу иқдомҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 64-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар чаҳорчӯбаи «тамаддуни ҷаҳонӣ» аз 23 феврали соли 2010 Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифт ва инак 14 сол мешавад, ки ин ҷашни бедории табиат дар кишварҳои мухталифи сайёра ҳамчун иди байналмилалӣ қайд карда мешавад. Имрӯз беш аз 300 миллион нафар одамон Наврӯзро дар саросари ҷаҳон ҳамасола чун иди эҳёи табиат қайд мекунанд. Наврӯз таърих ва арзишҳои дурахшони тамаддунҳои башарист, ки дар тӯли қарнҳо арзишҳои инсониро дар худ нигоҳ доштааст.
Бо омадани Наврӯз маъракаи ниҳолшинониву кабудизоркунӣ дар саросари кишвар ранги тоза гирифта, аз ҷониби ҳамватанонамон дастгирии ҳамаҷониба пайдо намудааст. Наврӯзро пеш аз ҳама ҷашни покизагиву тозагӣ ва ободкорӣ, ки ба соҳаи ҳифзи муҳити зист алоқамандии бевосита дорад, метавон номид. Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат зимни суханронӣ доир ба фазилатҳои Наврӯз баён дошта буданд: «Яке аз сифатҳои Наврӯз аз нав зинда шудани табиат мебошад ва оғози Наврӯз - оғози сол аст!». Яъне Наврӯз Соли нави аҷдодии мо ба шумор меравад. Аз ин рӯ, мо бояд барои боз ҳам зебову шукуфон шудани табиати Ватани азизамон – Тоҷикистон саъю талош карда, сарватҳои табиӣ ва муҳити зисти онро ҳифз намоем. Бо истифода аз ин лаҳзаҳои фараҳбахш Шуморо ба муносибати иди байналмилалии Наврӯз табрику таҳният гуфта, бароятон сиҳатмандии комил, баракати хонадон ва амалӣ гаштани орзуву ниятҳои Наврӯзиатон ҳастам. Бигзор Наврӯзи имсола барои ҳар яки шумоён наврӯзи шодирасон ва фатҳу нусратҳои бузург гардад, ба хонаву кошонаи ҳар яки мо пайку муждаи иқбол ва бахту саодати тоза орад! Наврӯзи оламафрӯз муборак!