Дар толори маҷлисгоҳи бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Бӯстон ҷаласаи мақомоти ҳифзи муҳити зист оид ба ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи якуми соли 2024 ва вазифаҳои минбаъда бо иштироки сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода С.Х., сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва сармутахассисон, роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо доир гардид. Сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода С.Х. пас аз шунидани маърӯзаи ҳисоботӣ аз сардорони шуъбаҳои назоратӣ ва роҳбарони зерсохторҳо дар шаҳру ноҳияҳо пурсиш ба амал оварда, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта баҳри пешрафти фаъолияти минбаъда дастуру супоришҳо дод. Ҳамчунин оид ба беҳтар намудани фаъолияти нозирӣ, иҷроиши босифат ва саривақтии нақшаи чорабиниҳо, барномаҳои соҳавию давлатӣ ва дигар аснодҳои назоратӣ супоришҳо дод. Дар интиҳои ҷаласа роҳбарияти Сарраёсат мудири бахши ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Истаравшан Махсумов Муҳаммадиро барои расидан ба синни нафақа бо тантана муборакбод намуданд.
Натиҷагирӣ аз фаъолияти семоҳаи якуми Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд
Шарҳ додан