Омӯзиш ва таҳлили татбиқи Барномаи давлатӣ дар ноҳияи Зафаробод

   Тибқи нақшаи кории Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд барои нимсолаи якуми соли 2024 ва нақшаи кории Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилоят барои соли 2024 рафти иҷрои қарори Раиси вилоят аз 22.11.2021, № 442 «Дар бораи Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ», аз он ҷумла фаъолияти Комиссияи минтақавии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод мавриди санҷиш қарор дода шуд. Ҳамзамон, доир ба рафти иҷрои қарори Раиси вилоят аз 26.05.2021, № 274 «Дар бораи татбиқи Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» омӯзиш ва таҳлили маводи сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ки ба иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳо вобаста мебошанд амалӣ гашта, инчунин бо ҳар як роҳбару шахси масъул сӯҳбат ва барои вусъат бахшидани беҳбудӣ ба корбарии минбаъда дар самти мазкур тавсияҳо пешниҳод гардид.

  Боиси қайд аст, ки пеш аз оғози санҷиши маводи сохторҳо бо муовини якуми раиси ноҳия Ҷумазода Н.Р., раиси Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар ноҳияи Зафаробод сӯҳбат дар бораи корҳои ба иҷро расонида ва баргузории ҷаласаи комиссияи минтақавӣ ба амал омада, дар назди ӯ бо иштироки раисони ҳамаи 5 ҷамоат, аз он ҷумла ҷамоати шаҳраки Зафаробод, Ҳамид Алиев, Меҳнатобод, ҷамоати деҳоти Равшан ва Ҷомӣ корҳои фаҳмонидадиҳӣ доир ба тартиби дурусти мавод, саривақт гузаронидани ҷаласаҳои комиссия ва қабули қарор, пешниҳоди ахбору маълумот ва дигар масъалаҳои дахлдор гузаронида шуд. Оид ба гузаронидани омӯзиш ва таҳлили мазкур гузориши муфассал ба муовини Раиси вилоят, раиси Комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологии аҳолӣ дар вилояти Суғд Зариф Мирдадо пешниҳод гардид.

 

Скачано с веб-сайта JooMix.org.