Ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии вилоят дар сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд вохӯрии муовини раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фахриддинзода Фирдавс бо ҷавонони мақомот доир гардид. Бо суханони ифтитоҳӣ муовини сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Каримзода Фарҳод вохӯриро оғоз бахшида, доир ба руйдоди таърихӣ - 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои бузурги кишвари соҳибистиқлол, дар давраи начандон тӯлонии таърихи навини кишвар, ба вуқуъ пайвастани навгониҳои беназир дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, фарҳангиву маънавӣ ва инчунин дастоварҳои мақомоти ҳифзи муҳити зист дар ин давра суханронӣ намуд. Дар баромади худ ҷавонони фаъоли сарраёсат оид ба нақши назарраси ҷавонон дар фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист, иштироки фаъолонаи онҳо дар чорабиниҳои экологӣ, давлативу сиёсӣ, қайд намуда, зикр карда шуд, ки аз ҳисоби умумии кормандони Сарраёсат 74%-ро ҷавонон ташкил дода, ҳамаи онҳо дорои маълумоти олӣ мебошанд.
Ҳамчун нишони пайравӣ ва эътиқоду боварӣ ба сиёсати муваффақонаи Раиси ҳизб - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аксари ҷавонон аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошанд. Дар навбати худ Фахриддинзода Ф. оид ба дастовардҳои ҷавонони кишвар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ, саҳми ҷавонон дар пешрафти ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд баромад намуда, барои гузоштани саҳми арзанда дар татбиқи босамари сиёсати давлатии кор бо ҷавонон, баланд бардоштани ҳуввияти миллию эҳсоси худшиносӣ ва бахшида ба 32- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 нафар кормандонро бо Сипосномаи Филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд сарфароз гардонид.