Дар толори МД маҷмааи фарҳангӣ – таърихии «Қалъаи Хуҷанд» бо иштироки намояндагони сарраёсат, Марказҳои Орхус дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт, ташкилоти ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма сессияи иттилоотӣ доир ба амнияти биологӣ, Конвенсияи Орхус ва иловаи дар шаҳри Алма - атои Ҷумҳурии Қазоқистон ворид карда шуда, баргузор гардид. Дар рафти ҷамъомад мутобиқи барномаи сессияи мазкур баромаду презентатсияҳои гуногун доир ба мавзӯъ шунида шуд. Барои бештар ҷалб намудани рӯзноманигорон ва намояндагони васоити ахбори омма ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, инъикоси маълумоти экологӣ, ҳамкории доимии судманд ҷиҳати рушди тарбия ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ таклифу пешниҳодҳои иштирокдорон бо мақсади ворид намудани онҳо ба нақшаи кории ТҶ «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф» Маркази Орхус дар шаҳри Хуҷанд барои соли 2025 муҳокима карда шуд. Боиси қайд аст, ки вохӯрии иттилоотии мазкур мутобиқи талаботи бандҳои нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Барномаи давлатии маҷмӯии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025» доир гардид.
Вохӯрии иттилоотӣ оид ба Конвенсия Орхус
Шарҳ додан