Саҳми омӯзгорони Мастчоҳ дар сабзсозии шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ

Бо ибтикори шӯъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ ва дар ҳамовозӣ ба ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ, имрӯз, 15 январ омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ фаъолона иштирок карданд. Дар доираи ин иқдоми кабудизоркунӣ беш аз 2000 бех ниҳолҳои ороишиву сояафкан дар шафати шоҳроҳ шинонида шуд. Маърака бо иштироки муовини якуми раиси ноҳияи Мастчоҳ Шермуҳаммад Нодирӣ, роҳбарону кормандони шӯъбаи маориф ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид. Муовини якуми раиси ноҳия Шермуҳаммад Нодирӣ зимни иштирок дар маъракаи кабудизоркунӣ гуфт: "Ин ташаббус ҷузъи муҳими сиёсати экологӣ ва роҳандозии ҳаракатҳои ватандӯстона мебошад. Омӯзгорони мо бо шинондани ин ниҳолҳо на танҳо саҳми худро дар кабудизоркунӣ мегузоранд, балки барои наслҳои оянда намунаи ибрат мешаванд." Таъкид гардид, ки чунин маъракаҳо дар оянда низ идома хоҳанд ёфт.

Омӯзгорон ва шогирдони муассисаҳои таълимӣ ният доранд, ки бо чунин иқдомҳои созанда ба беҳтар шудани муҳити зист ва рушди минтақа саҳми худро гузоранд. Маъракаи ниҳолшинонӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ бозгӯи он аст, ки ҳамкории ҷомеа дар ҳалли масоили муҳими экологӣ торафт густариш меёбад ва саҳми ҳар як фарди ҷомеа барои ҳифзи табиат беназир аст. Чанде беш дар доираи ин иқдоми сабзсозии табиат дар шоҳроҳ беш аз 2500 бех ниҳол шинонида шуд. Дар ноҳияи Мастчоҳ тибқи нақша дар давоми соли равон зиёда аз 24 ҳазор бех дарахт ва гулу буттаҳои ороишӣ шинонида хоҳад шуд.

 

Скачано с веб-сайта JooMix.org.