Конференсия бахшида ба 21 март – Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 22 март – Рӯзи байналмилалии об

  Дар толори маҷлисгоҳи меҳмонхонаи Суғдиёни шаҳри Хуҷанд бо мақсади таҷлили санаҳои 21 март – Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 22 март – Рӯзи байналмилалии об конференсияи минтақавии ҳавзавии Сирдарё барпо гардид. Пеш аз оғози конференсия дар толори даромадгоҳи меҳмонхона намоиш - озмуни расмҳои бачагонаи тарбиятгирандагони мактаби рассомии шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи «Пиряхҳо ва об — сарвати табиатро барои оянда нигоҳ дорем» ба амал омада, ғолибон ва иштирокчиёни намоиш – озмун бо сипосномаю тӯҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд. Боиси қайд аст, ки дар конференсия намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, менеҷери Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои об дар Тоҷикистон, Котиботи байналмилалӣ оид ба об, сохторҳои давлатии вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳо, соҳаҳои ҳифзи муҳити зист, хоҷагии об, кишоварзӣ, маориф, Раёсати сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, Маркази обуҳавосанҷӣ, Раёсати захираҳои оби минтақаи ҳавзавии Сирдарё, шӯроҳои хурди ҳавзавии дарёҳои Исфана ва Оқсу, идораи «Хуҷандобуканал», Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва «Зан ва ҷомеа», ташкилоти байналхалқӣ ва ҷамъиятӣ, олимони донишгоҳҳо, коршиносон, васоити ахбори омма ва дигар шахсони тарафҳои манфиатдор аз вилоят, инчунин собиқ вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи даъват иштирок ва баромад намуданд.

  Ҳамзамон, дар кори конференсия кормандони илмии Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илми Тоҷикистон презентатсияҳои худро пешниҳод карда, ба саволҳои иштирокдорон ҷавобҳои мушаххас доданд. Маврид ба зикр аст, ки «Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои об дар Тоҷикистон» ҳадафи беҳбудӣ бахшидан ба вазъи зиндагии мардуми деҳоти қисмати Тоҷикистонии ҳавзаи Сирдарё тавассути идоракунии ҳамгирошудаи захираҳои об дошта, аз ҷониби идоракунии рушд ва ҳамкории Швейтсария маблағгузорӣ карда мешавад. Дар баробари ин, рафти чорабинӣ дар бораи 5-солагии таъсисёбии Раёсати захираҳои оби минтақаи ҳавзавии Сирдарё гуфта шуда, қайд гардид, ки раёсати мазкур бо мақсади амалигардонии принсипҳои идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об, банақшагирӣ, назорати доимии истифодабарии иншоотҳои обӣ ва татбиқи нақшаи ҳавзавӣ дар ҳавзаи дарёи Сир ташкил гардидааст.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.