Рӯзи Замин ҳамасола 22 апрел ҷашн гирифта мешавад. Соли 1969 бузургтарин резиши нафт дар наздикии шаҳри Санта Барбараи штати Калифорнияи ИМА рух дод. Бар асари садама дар платформаи истихроҷи оффшорӣ чанд миллион тонна нафти хом ба уқёнус рехта шуд. Натиҷаҳои фалокатовар буданд: ҳазорҳо парандагон ва ширхӯрони баҳрӣ кушта шуданд ва саршумори моллюскҳо дар соҳил 90 % коҳиш ёфт. Зарари дақиқи ба муҳити зистро ҳисоб кардан ғайриимкон аст, ҳайвонот ва растаниҳои зарардида танҳо дар баҳр бе нишона нопадид шуданд. Ҳоло ҳам ин резиши нафт аз рӯи миқёс дар ҷои сеюм аст. Фалокат ба иқтисодиёти ИМА, хусусан ба штати Калифорния ва афкори ҷамъиятӣ таъсир расонд. Пас аз як сол, узви сенат Гейлорд Нелсон аз амрикоиҳо даъват кард, ки дар як иқдоми густурдаи экологӣ ба хотираи офати табиӣ ширкат кунанд. Санаи 22 апрели соли 1970 дар тамоми мамлакат бештар аз 20 миллион нафар одамон ба ин даъват ҳамовоз шуданд, эътирози васеи аҳли ҷамъият боиси қабули як қатор қонунҳои муҳими муҳофизати муҳити зист гардид. Ин иқдом ҳарсола гардида, соли 1990 байналмиллалӣ эълон шуд. Соли 2009 Маҷмаи Умумии СММ қарор қабул намуд, ки ҳамасола санаи 22 апрел чун Рӯзи байналмилалии Замин таҷлил карда шавад. Ҳадаф аз чунин иқдом – ҷалби оммаи васеъ ба масоили мубрами ҳифзи муҳити зист мебошад.
Дар ин қарордоди таъсиси Рӯзи байналмилалии Модар – Замин таъкид шудааст, ки Замин хонаи умумии мо буда, барои ноил гаштан ба мувозинаи одилона миёни талаботи мавҷудаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ ва наслҳои минбаъда баҳри муназзамии табиати сайёра чораҳо андешидан зарур аст. Феълан ин санаро дар 180 давлати дунё беш аз 500 миллион мардум қайд менамоянд. Албатта, масъалаҳои доғи экологӣ - аз қабили то рафт гарм шудани иқлим, сӯрох шудани қабати озон, об шудани пиряхҳо, баланд рафтани сатҳи оби уқёнусҳо, эрозияи хок, ихроҷи ғализи дуди корхонаҳои саноатӣ, бодлесӣ, ифлос шудани муҳити зист бо маводҳои кимиёвӣ ва садҳо муаммоҳои дигар, худ аз худ пешорӯи мо наомадаанд. Ҳамаи ин натиҷаи дахолати инсон ба равандҳои табиӣ мебошанд. Вазифаи асосии сана ба одамон хотиррасон кардани ин масъулият, аз хатару чолишҳои глобалӣ, ки дар назди хонаи умумии мо истодаанд, мебошад. Ва аз ҳама муҳимтараш он аст, ки ба манфиати нигоҳ доштани ҳаёт дар рӯи замин амалиёти таъҷилии амалӣ даъват карда шавад. Дар кишвари мо Тоҷикистони офтобӣ низ бахшида ба Рӯзи Замин чорабиниҳои мухталиф баргузор мегарданд. Дар ин рӯз гузаронидани ҳамагуна чорабиниҳои назариявию амалӣ, ба монанди семинару мизҳои мудаввар, аксияҳои экологӣ, аз ҷумла тоза кардани заминҳои бо заҳрхимикатҳо олуда, ҷамъоварии партовҳои пластикӣ ва ғайраҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Қобили зикр аст, ки Тоҷикистонро 93 % куҳсор ташкил медиҳад. Дар сурати самаранок ва оқилона истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин мо меҳру муҳаббати худро нисбат ба Замин - Модар нишон медиҳем. Ин масъулияти умумии мо ва масъулияти ҳар як фард аст.