Обёрии хоҷагии ёрирасон — замина барои татбиқи барномаи кабудизоркунӣ

  Бо мақсади татбиқи амалии Барномаи кабудизоркунӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои парвариш ва мутобиқсозии ниҳолҳои ороишӣ ва ҳамешасабз ба шароити иқлимии маҳаллӣ, дар хоҷагии ёрирасони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Мастчоҳ корҳои бунёди чоҳи амудӣ оғоз ёфтанд. Чоҳи амудӣ бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кофта шуда, обёрии наздик ба 50 гектар заминҳои атрофро таъмин хоҳад кард. Ҳадаф аз сохтмони ин иншооти муҳими инфрасохторӣ — таъмини оби доимӣ барои парвариши ниҳолҳо ва тақвияти иқтидори истеҳсолии хоҷагии ёрирасон мебошад. Дар маросими оғози кофтани чоҳи амудӣ раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода ширкат варзида, таъкид намуд, ки ин иқдом дар самти зебосозии муҳити зист, татбиқи амалии барномаҳои соҳавии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ нақши назаррас хоҳад дошт. Маврид ба зикр аст, ки соли равон дар доираи татбиқи Барномаи кабудизоркунӣ аз ҳисоби заминҳои фонди захиравии ноҳия 5 гектар замин ба бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия ҷудо гардида, дар он тадриҷан ниҳолҳои мутобиқ ба иқлими маҳаллӣ шинонида мешаванд. Айни замон дар хоҷагӣ 4 нафар ба кори доимӣ ҷалб гардидаанд ва дар марҳалаи пурра ба бо ниҳол парвариш ёфтани масоҳати мазкур, имкони бо ҷойи кор ва маоши муносиб таъмин намудани то 17 нафар муҳайё хоҳад шуд.

 Айни ҳол дар масоҳати як гектар замини хоҷагӣ зиёда аз 17 ҳазор бех ниҳолҳои навъҳои гуногун, аз ҷумла павлония, акасия, кайрағоч, туя, мажевелник ва сасна парвариш меёбанд. Ниҳолҳои мазкур бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зист дастрас гардида, мутобиқсозии онҳо ба иқлими минтақа идома дорад. Дар як гектари дигар зироати картошка кишт шудааст ва баъди ҷамъоварии ҳосил кишти зироатҳои дигар ба роҳ монда мешавад. Лозим ба таъкид аст, ки бунёди чоҳи амудӣ ва рушди хоҷагии ёрирасон ҷузъи муҳими сиёсати экологӣ дар сатҳи маҳаллӣ буда, дар татбиқи босамари стратегияҳои давлатӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ва рушди иқтисоди сабз нақши муассир хоҳад дошт. Дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ

Скачано с веб-сайта JooMix.org.