Табрикоти сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода Суҳроб Хол ба ифтихори Рўзи байналмилалии муҳити зист

  Рўзи байналмилалии муҳити зист дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ва кулли кишварҳои олам ботантана таҷлил гардида, ба масъалаҳои таъмини амнияти экологии ҷомеа, аз ҷумла пок нигоҳ доштани муҳити атроф, ҳифз ва самаранок истифода бурдани сарватҳои табиӣ  ва гуногунии биологӣ таваҷҷуҳи  махсус зоҳир карда мешавад. Кормандони мақомоти соҳаи ҳифзи муҳити зист ва муҳофизону дӯстдорони табиат ҳар сол санаи 5 июн иди касбии худро қайд менамоянд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар ҷаласаву ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонию минтақавӣ барои андешидани чораҳо  ҷиҳати тағирёбии иқлим аз ҷумла, обшавии пиряхњо, таъмини аҳолии сайёра бо оби тоза, раванди гармшавии иқлим ва пайомадҳои манфии тағйирёбии он талош варзида, пешниҳодҳои мушаххаси марбут ба масъалаҳои муҳити зист дар байни кишварҳои ҷаҳон обрўву нуфузи баландро соҳиб гардидааст.

  Баҳри истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ вусъати тоза гирифтааст, ки барои табдил додани Ватани азизамон ба кишвари сабз кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист кору фаъолияти худро хубтару беҳтар ба роҳ монда аз тамоми имкониятҳои мавҷуда пурра истифода мебаранд. Рўзи байналмилалии муҳити зистро ба ҳамаи дӯстдорони табиат, табиатистифодабарандагон, кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист  табрику муборакбод гуфта, ба шумоён сиҳатмандии комил, саодатмандиву  иқболи нек ва пешрафту дастовардҳои  навин дар фаъолияти меҳнатӣ баҳри ҳифзи табиати бою нотакрори Ватани маҳбубамон орзу менамоям. Рӯзи байналмилалии муҳити зист муборак!

Скачано с веб-сайта JooMix.org.