Бо мақсади сазовор таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар асоси фармоиши раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд дар Маркази бозомӯзии шаҳри Гулистон маҷлиси тантанавӣ бо иштироки муовини якуми раиси шаҳри Гулистон Муҳаммадзода Д., намояндагони корхонаву ташкилотҳо гузаронида шуд. Мудири бахши ҳифзи муҳити зист Комилзода Ҷ. ва муовини якуми раиси шаҳри Гулистон Муҳаммадзода Д. , зимни баромадҳои худ оид ба ин санаи экологӣ, ки ҳамасола ҷашн гирифта мешавад, баромад намуда, қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар ҷаласаву ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонию минтақавӣ барои андешидани чораҳо ҷиҳати таъмини аҳолии сайёра бо оби тоза, коҳиши раванди гармшавии иқлим ва пайомадҳои манфии тағйирёбии он талош меварзанд.
Дар робита ба ин зарур аст, ки ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, олами набототу ҳайвонот, вазъи экологӣ ва бо ин мақсад таҷдиди назар кардану такмил додани қонунгузории соҳа ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ муносибати ҷиддӣ зоҳир карда шавад. Сипас барои ҳамкории доимӣ, иштироки фаъолона дар аксияҳои экологӣ ва гузоштани саҳми арзанда дар беҳдошти муҳити зист ба кормандони бахши ҳифзи муҳити зист сипосномаву туҳфаҳои раиси шаҳри Гулистон ва ба намояндагони филиали нерӯгоҳи Қайроққум, менеджери лоиҳаи ҶСК “Тоҷикэлектромонтаж”, корхонаи давлатии “Осоишгоҳи Шифо”, ҶМТКММ-и Апрелевка, беморхонаи марказии шаҳри Гулистон, коллеҷи тиббӣ, шуъбаи маориф, корхонаи давлатии бисёрсоҳавии хоҷагии коммуналии шаҳраки Адрасмон, КДХ бисёрсоҳавии манзилию коммуналии шаҳраки Чоруқдарон, корхонаи воҳиди давлатии бисёрсоҳавии хоҷагии манзалию комуналии шаҳраки Зарнисор, корхонаи давлатии бисёрсоҳавии манзилию рифоии шаҳраки Сирдарё ва дигар фаъолон сипосномаву туҳфаҳои мудири бахши ҳифзи муҳити зист супорида шуд.