Д
ар доираи корҳои омодагӣ ба ташрифи меҳмонони олиқадр ба вилояти Суғд ва бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии ниҳолшинонӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳо доир гардид.Яке аз ин чорабиниҳо бо иштироки сардори Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суғд Холзода С.Х. ва кормандони шуъбаву зерсохторҳои мақомот, дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити атроф», ташкилоти байналхалқии GIZ, волонтёрон – аъзоёни ҳаракати ҷавонони «Нозирони сабз» аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Гулистон ва хоҷагии кишоварзии ноҳияи Б.Ғафуров, дар замини хоҷагии мазкур, ки бо даромадгоҳ ба минтақаи истораҳатии шаҳр ҳамсарҳад мебошад, беш аз 200 бех ниҳолҳои дарахтони ороишии ҳамешасабзи санавбар шинонида шуд.Боиси қайд аст, ки чунин чорабиниҳо дар дигар минтақаҳои ноҳияи Б.Ғафуров, минтақаҳои шафати шоҳроҳи Душанбе – Чаноқи ноҳияи Ҷ.Расулов, шинонидани гулҳои мавсимӣ дар марказу кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд ва дигар шаҳру ноҳияҳо дар татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» ва иҷрои нақшаи амали солҳои 2025 – 2027 саҳм мегузорад.Дар вилоят маъракаи ниҳолшинонии мавсими тирамоҳу зимистони соли 2025 оғоз гардида, баргузории чорабиниҳои кабудизоркунӣ ва корҳои ободонӣ идома дода мешаванд.
Шинонидани ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабз дар сарҳади даромадгоҳ ба минтақаи истироҳатии шаҳри Гулистон
Шарҳ додан


