Ҳ
амасола санаи 2 феврал аз соли 1997 инҷониб аз тарафи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии заминҳои обию ботлоқӣ (WorldWetlandsDay) таҷлил карда мешавад. Ҳадафи ин ҷашн ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ва Ҳукумати кишварҳо ба муаммоҳои заминҳои обию ботлоқӣ мебошад, ки барои рушди устувори сайёра нақши хеле муҳимро иҷро мекунад. Соли 1971 дар Эрон Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба муҳофизати мавзеъҳои обию ботлоқӣ аз ҷониби 18 кишвар имзо шуда, соли 2000-ум шумораи кишварҳои аъзо ба 119 расид. Имрӯз бошад 159 кишвар ба узвияти Конвенсияи Ромсар ҳамроҳ гаштаанд. Шумораи мавзеъҳои обию ботлоқие, ки дар таҳти муҳофизат қарор гирифтааст 1869 адад буда, майдони умумиашон 1836000 километри мураббаъро ташкил мекунад. Шароитҳои табиии ин мавзеъҳо барои зисти бисёр намуди парандаҳо, ҳашарот, моҳӣ ва дигар ҳайвонот мувофиқ аст. Инчунин заминҳое, ки ба рӯйхати мавзеъҳои обию ботлоқӣ дохил мешаванд, дорои захираҳои маъданҳои фоиданок мебошанд. Тоҷикистон чун ҷузъи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва ҳамчун давлати соҳибистиқлол ба Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба муҳофизати заминҳои обию ботлоқӣ 9-уми марти соли 2001 шомил шудааст. Баъд аз ҳамроҳ гаштани Тоҷикистон ба Конвенсияи Ромсар аз ҷониби муттахассисони соҳа панҷ номгӯи мавзеъҳои обию ботлоқии ҷумҳурӣ, ки аҳамияти байналмилалӣ доранд, аз он ҷумла кӯли Қароқӯл, Шоркӯл, Рангкӯл, Зоркӯл ва обанбори Қайроққум ба қайд гирифта шуд. Маврид ба тазаккур аст, ки ҳамаи мавзеъҳои обию ботлоқии дар ҷумҳурӣ мавҷудбуда, дар тобеияти заминҳои муассисаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ҷойгир шуда, масоҳат вобаста ба оби обанбор дар ҳудуди 3 - 5 ҳазор гектар мебошад. Ба ҷуз аз мавзеъҳои дар боло номбаршуда, дар ҳудуди кишварамон дигар мавзеъҳои обию ботлоқӣ мавҷуданд, ба монанди мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон», кӯли Яшилкул, Искандаркӯл ва дигар мавзеъҳое, ки аҳамияти байналмилалӣ доранд ва онҳоро низ метавон дар рӯйхати Конвенсияи Ромсар ворид кард.
Санаи экологӣ 2 феврал – Рузи умумиҷаҳонии заминҳои обиву ботлоқӣ
Шарҳ додан


