Санаҳои 15-16 феврали соли 2020 баҳри иҷрои Амри Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз 11.02.2020, №23 “Дар бораи гузаронидани ярмарка-фурўши ниҳол ва кўчату тухмии гулу зироатҳо”, муташаккилона гузаронидани маъракаи кабудизоркунӣ ва ободонӣ, расонидани ёрии амалӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ, аҳолии вилоят, ташкилоту идораҳо дар корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва бунёди боғу токзорҳои нав гузаронида шуд. Дар ярмаркаи мазкур аз тарафи сохторҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ташкилоту идораҳои соҳаи кишоварзӣ беш аз 1 миллиону 500 ҳазор бех ниҳолҳои гуногун ва гулу гулбуттаҳо ба боғпарварону сокинони вилоят пешниҳод карда шуд.
Дар ярмаркаи мазкур Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо, Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Суғд, соҳибкорон ва хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ фаъолона иштирок намуда, ба аҳолӣ ниҳолҳои дарахтони ороишию ҳамешасабз, сояафкан ва гулҳои мавсимӣ пешниҳод карда шуд.